Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ мусобиқаҳои варзишӣ ҷамъбаст гардиданд

Май 27, 2025 14:19

ДУШАНБЕ, 27.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар доираи «Моҳвораи ҷавонон» ва таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол чорабиниҳои гуногуни идона доир гардиданд, ки дар онҳо ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ қадрдонӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар саҳни Донишкада намоишгоҳи дастовардҳои варзишии муассиса ва намоиши бозиҳои мухталиф аз риштаҳои гуногун- футбол, дастхобонӣ, вазнбардорӣ, каратэ ва намудҳои дигари варзиш манзури иштирокчиён гардонида шуд.

Ҳамзамон мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми донишкада, ки дар доираи «Моҳвораи ҷавонон» ва Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор гардид, ҷамъбаст шуд.

Соли дуюм аст, ки дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футбол бошукуҳ таҷлил мегардад. Дар ин рӯзҳо дар тамоми манотиқи Тоҷикистон чорабиниҳои идонаи футбол баргузор мешаванд.

Бояд таъкид намуд, ки 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намуд. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст.

АКС: Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов

Май 27, 2025 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад