Дар Душанбе 30 ҳазор нафар дар Дави миллӣ ва 380 нафар дар марафони велосипедронӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 18.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Дар Дави миллӣ дар Душанбе 30 ҳазор шаҳрвандони касбу кори гуногун ва дар марафони велосипедронӣ 380 нафар иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе тавассути кӯчаҳои Карамов — хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» баргузор гардид.
Дар ин ифтитоҳи расмии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар пойтахт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ суханронӣ намуда, доир ба ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ибрози андеша карданд.
Таъкид шуд, ки Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа — таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини сардори Раёсати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Саодати Исайнӣ иброз дошт, манфиати дави субҳгоҳӣ нисбат ба дигар намуди машқҳо ва парҳезҳо барои тамоми бадан, пурқувватии масуният ва лоғаршавии организм афзалтар аст.
«Баргузории Дави миллӣ ва таҷлили иду ҷашнҳо дар мамлакат ин нишона аз сулҳу оромии давлати азизамон буда, нишона аз арҷгузорӣ ба таърихи ниёгонамон аст. Дави миллӣ низ воситаи сарҷамъии миллат, дӯстиву рафоқат ва воситаи ташвиқи тарзи ҳаёти солим ба шаҳрвандон мебошад. Имрӯзҳо ба шарофати Истиқлоли давлатӣ соҳаи варзиш дар мамлакат рушд намуда, варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ сазоворӣ ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Сохта ва ба истифода додаани иншооти гуногуни варзишӣ, мувафаққиятҳои варзишгарони мамлакат дарак аз рушду нумӯи варзиш медиҳад. Ман тамоми мардуми ҷумҳуриро даъват менамоям, ки ба варзиш машғул шаванд, зеро он, пеш аз ҳама, ба солимии худи онҳо нигаронида шудааст», — гуфт ӯ.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (акс) АМИТ «Ховар»
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






