Дар Душанбе ҷаласаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир шуд
ДУШАНБЕ, 08.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 7 май ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ҷаласа масъалаҳои мубраму ҳалталаб, аз ҷумла таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», истифодаи сарфакорона ва ошкору пешгирии далелҳои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, содиршавии амалу кирдорҳои номатлубу ҷиноятӣ аз ҷониби наврасону ноболиғон, аз таҳсил дур мондани наврасон ва баланд бардоштани масъулиятнокии волидайн баррасӣ гардид.
Иброз гардид, ки танҳо дар ҳолати иҷрои пурраи талаботи қонунҳои амалкунанда ва ҳамбастагии тамоми қишрҳои фаъоли ҷомеа метавон суботу оромии мамлакат ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз намуд.
Зимни ҷаласа барои дар сатҳи баланд иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ аз ҷониби аъзои Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд






