Дар Душанбе пайвастшавии 3300 иншоот ба шабакаҳои гармдиҳӣ ба нақша гирифта шудааст

Май 8, 2025 10:53

ДУШАНБЕ, 08.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. То 1 июни соли равон нақшаи истеҳсоли неруи гармӣ ва пайвастшавии иншоот ба шабакаҳои гармдиҳии шаҳри Душанбе (3300) бо мақсади таъмини саривақтии омода намудани иншоот барои қабули гармӣ таҳия ва тасдиқ карда шавад. Чунин омадааст дар банди 2.6-и «Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025 тасдиқ гардидааст.

Баҳри иҷрои ин банди Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Муассисаи давлатии шабакаҳои гармдиҳии шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар фасли зимистон истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе зиёда аз ду баробар афзоиш ёфта, пойтахт ба истеъмолкунандаи азими неру табдил меёбад. Дар ин замина ҳангоми истифодаи гармии дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсолшуда дар пойтахт неруи барқ сарфа мегардад, ки ин барои таъминоти барқ дар саросари ҷумҳурӣ манфиатбахш аст.

Ҳарчанд асоси истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурии мо гидроэнергетика ё барқи обӣ мебошад, дар давраи тирамоҳу зимистон, ки талабот ба барқ афзун мегардад, марказҳои барқу гармидиҳӣ дар таъминот бо неру ва гармӣ аҳамияти калон доранд.

Тибқи маълумоти коршиносон, аз ҳисоби истифодаи гармии танҳо Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2» имкони сарфаи қариб 200 мегаватт иқтидори иловагии неруи барқ пайдо мегардад.

Бинобар маълумоти расмӣ, дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 аз ҳисоби тамоми манбаъҳои гармидиҳӣ — МБГ №1, №2 ва дегхонаҳо 3 ҳазору 200 бинову иншоот бо оби гарми қубурӣ таъмин гардиданд. Дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 низ 3200 иншоот бо гармӣ таъмин гардид. Дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 бо оби гарми қубурӣ таъмин намудани 3 ҳазору 300 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026», Вазорати нақлиёт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд то 1 июни соли равон нақшаи захираи маводи зидди лағжиш ва омода намудани техникаю механизмҳои муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгардро таҳия ва пешниҳод намоянд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 8, 2025 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кай ва барои чӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд?
Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии AMEE 2026 иштирок доранд
Ҳамкории мақомоти судии Тоҷикистон ва Кувайт густариш меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод санги асоси фурудгоҳи маҳаллӣ гузошта шуд
Дар Тошканд масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ баррасӣ шуд
Тоҷикони муқими шаҳри Хабаровски Русия 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад
Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Ба ноҳияҳои Тоҷикистон 18 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ–амалӣ доир гардид