Дар Эрон дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон муаррифӣ карда шуданд

Май 19, 2025 10:46

ДУШАНБЕ, 19.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 13-14 май дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон иҷлосияи чоруми омбудсменҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ доир гардид, ки дар он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти мақомоти Ваколатдор хабар доданд.

14 май Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар мавзуи «Ҷанбаҳои муҳимми фаъолияти Омбудсмени Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон» сухан намуда, оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ибрози андеша намуд.

Умед Бобозода доир ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои ин мақомот дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маълумоти муфассал дода, гуфт, ки “мо бояд аз ҳарвақта бештар муттаҳид бошем ва усулу равишҳои нави ҳимояи ҳуқуқи инсонро пайдо намоем”.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон зимни сафар ба шаҳри Теҳрон бо Раиси Маҷмаи омбудсменҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, Раиси Омбудсмени Туркия Мехмед Акарҷа, ноиби раиси Маҷмаи омбудсменҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, раиси Бозрасии кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Забиҳуллоҳ Худоиён ва дигар шахсони воломақоми ин ниҳоди бонуфуз мулоқот намуд.

Густариши равобити ваколатдорони ҳуқуқи инсон байни кишварҳои исломӣ, ҳамкории байналмилалӣ дар роҳи адолат, сулҳ ва дифоъ аз ҳуқуқи инсон, табодули таҷриба, густариши ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз мавзуъҳои меҳварии вохӯриҳо буданд.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Созмони ҳамкории исломӣ мебошад. Бинобар ин, аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳарчи зудтар аъзои Маҷмаи омбудсменҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ гардем.

Умед Бобозода иброз намуд, ки масъалаи дохил гардидани Тоҷикистон ба Маҷмаи омбудсменҳои Созмони ҳамкории исломӣ ҳоло дар баррасии ниҳодҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва изҳори умедворӣ кард, ки ин масъала ҳалли худро меёбад.

АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 19, 2025 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд