Дар Маркази омӯзиши пиряхҳо вобаста ба усулҳои муосир ва инноватсионии омӯзиши пиряхҳо машварати илмӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 май бо ибтикори Маркази омӯзиши пиряхҳо ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҷалби донишҷӯёни факултетҳои геология, физика ва биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Усулҳои муосир ва инноватсионии омӯзиши пиряхҳо» машварати илмӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази омӯзиши пиряхҳо хабар доданд.
Дар машварат директори Маркази омӯзиши пиряхҳо Назриалло Шерализода дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзишу ҳифзи пиряхҳо ва аҳамияти онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ва сарходими илмии шуъбаи экспедитсионӣ ва таҳқиқоти саҳроӣ Абдулҳамид Қаюмов дар бораи омӯзиши изотопии пиряхҳо маъруза намуданд.
Зимни ҳамоиш донишҷӯён бо фаъолияти озмоишгоҳҳои Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, ки бо таҷҳизоти пешрафта муҷаҳҳаз шудаанд, шинос шуданд. Донишҷӯён оид ба таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои химия, биология, радиатсия ва ядроӣ маълумот гирифтанд. Мутахассисони агентӣ аҳамияти омӯзиши илмҳои дақиқро дар амал ва дар ҳалли масъалаҳои экологӣ ва технологӣ шарҳ доданд.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади муаррифии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид оид ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти илмҳои бунёдӣ чорабиниҳои амалӣ доир менамояд.
АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






