Дар мавзуи «Тоҷикистон – пешоҳанги ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон» конференсияи байналмилалӣ доир шуд

Май 29, 2025 08:51

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Тоҷикистон-пешоҳанги ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита.

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки дар имрӯз гармшавии ҳаво, обшавии пиряхҳо, хушк шудани чашмаю дарёчаҳои минтақаҳои аҳолинишин ва дигар пайомадҳои офатҳои табиӣ ба яке аз мушкилоти глобалӣ мубаддал гашта, ба иқтисодиёт ва ҳаёти мардуми осоиштаи дунё рӯз ба рӯз таъсири манфӣ мерасонанд. Дар Тоҷикистон манбаи асосии об пиряхҳо ва барфу борон ба ҳисоб мераванд.

«Пиряхҳо яке аз бойигариҳои беҳамто ва манбаи оби ошомидании сарзамини Тоҷикистон мебошанд. Майдони умумии пиряхҳо 8476,2 километри мураббаъ мебошад, ки қариб 6 дарсади масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Бинобар гармшавии иқлими сайёра давоми 30 соли охир дар Тоҷикистон 1300 пирях об шудааст. Муаммои тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он, бахусус обшавии босуръати пиряхҳо аз масъалаҳое мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро нигарон намудааст. Оқибати ин тағйирёбӣ ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад ва он аллакай аз худ дарак додааст», — гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Аҳамияти пирях барои бо об таъмин намудани соҳаҳои гуногуни халқи мамлакат бузург аст. Қариб ҳамаи обҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд, барои нӯшидан ва истифода дар соҳаи кишоварзӣ мувофиқ мебошанд. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, махсусан ҳудуди Тоҷикистон, ки яке аз манотиқи ба тағйирёбии иқлим осебпазир мебошад, бинобар сабаби баланд шудани ҳарорат, кам гаштани миқдори бориш ва дигар омилҳои метеорологӣ захираи пиряхҳо коҳиш меёбад.

Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор дар соҳаи обу иқлим эътироф шудааст. Боиси хурсандист, ки ташаббуси панҷуми Тоҷикистон дар соҳаи об аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ шуда, тибқи ин қатънома, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид ва аз оғози соли 2025 ҳамасола 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мешавад.

Дар идома олимону коршиносони дохилӣ, инчунин олимони хориҷӣ аз Ҳиндустон ва Қазоқистон ба тариқи маҷозӣ маъруза намуданд.

Конференсия дар бахшҳои илмҳои табиӣ-техникӣ, сиёсӣ-иқтисодӣ, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии шаҳри Душанбе идома ёфт. Дар он омӯзгорону кормандони илмии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маъруза намуданд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 29, 2025 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид