Дар мулоқот бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ тақвияти низоми молиявӣ баррасӣ гардид

Май 21, 2025 16:08

ДУШАНБЕ, 21.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи барномаи «Тақвияти низоми молиявӣ дар Тоҷикистон – марҳилаи II»  муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ — роҳбари бахши молиявии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Пиетро Каличе мулоқот намуд. Ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкориро, ки ба таҳкими устуворӣ, шаффофияти низоми молиявӣ ва густариши фарогирии молиявӣ дар мамлакат равона шудаанд, баррасӣ намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд,  дар доираи татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ ба ташкили веб-портали ягона барои муқоисаи нархҳо ва шароити хизматрасониҳои молиявӣ, ки ба таҳкими ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, рушди муҳити рақобатпазир дар бахши бонкдорӣ ва боло бурдани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ мусоидат менамояд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Зимни мулоқот нақшаи минбаъдаи омодасозии дастурамалҳои методӣ барои ташкилоти қарзии молиявӣ оид ба интиқол ва навсозии маълумот, озмоиши платформаи мазкур бо иштироки ҷонибҳои манфиатдор, инчунин тавсеаи малакаи касбии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар шароити гузариш ба рақамикунонии бахши молия муҳокима гардид.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Май 21, 2025 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0520 то 11.0600 сомонӣ муқаррар шудааст
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд