Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» 400 номгӯй китобҳои тозанашр аз Тоҷикистон пешниҳод шуданд
ДУШАНБЕ, 08.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 400 номгӯй китобҳои тозанашр аз Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон», ки дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, ба намоиш гузошта шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иштироки фаъоли намояндагони соҳаи табъу нашри Тоҷикистон дар намоишгоҳ тадбири муҳим дар таҳкими пайвандҳои фарҳангӣ ва адабӣ байни Тоҷикистону Эрон ва ҳамзамон муаррифии мероси пурғановати адабии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Дар намоишгоҳ бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ғурфаи Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар он бештар аз 400 номгӯй китобҳои тозанашр иборат аз осори классикӣ ва намунаҳои адибони муосири тоҷик пешкаши ҳаводорону алоқамандони каломи бадеъ гардиданд.
Аз ҷумла, осори арзишманди классикони тоҷику форс, ки дар таърихи адабиёти ҷаҳонӣ мақому манзалати хос доранд, ба мисли Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Хоҷа Ҳофизу Саъдии Шерозӣ, Бедилу Ҷомӣ ва намунаҳои эҷодиёти намояндагони адабиёти муосир- Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат, Гулрухсор, Муҳаммад Ғоиб ва дигарон, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо тарҳу ороиши ҷолиб аз ҷониби нашриёту матбааҳои ватанӣ ба табъ расидаанд, ба намоиш гузошта шуд.
Ҷойгоҳи махсус ба китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуд, ки мавзуъҳои таърихи халқи тоҷик, эъмори давлатдории навини тоҷикон, таҳкими ҳувияти миллӣ, сулҳу ваҳдат ва рисолати забони ноби тоҷикӣ дар марҳилаҳои гуногуни таърихи миллати куҳанбунёди тоҷикро дар бар мегирифтанд.
Бахусус, китобҳои Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърихи миллат», «Забони миллат-ҳастии миллат», ки ба забонҳои форсӣ, русӣ ва англисӣ тарҷума шудаанд, таваҷҷуҳи меҳмонони намоишгоҳро ҷалб намуданд.
Ин осор нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сифати сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳимоятгари арзишҳои миллӣ бори дигар собит намуда, ҳамзамон барои пажӯҳишу омӯзиши таърихи давлатдории муосири тоҷикон ба сифати манбаъҳои муътамади илмӣ хизмати арзишманд хоҳанд кард.
Қабл аз оғози маросими ифтитоҳи намоишгоҳ ғурфаи Тоҷикистонро раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф тамошо карда, доир ба ҳаҷму муҳтавои китобҳои пешниҳодшуда суҳбат орост.
Намоишгоҳи 36-уми байналмилалии «Китоби Теҳрон» то 17 май идома меёбад. Дар доираи он ҳамзамон маҳфилҳои фарҳангӣ, аз қабили муаррифии осори адибони тоҷик, мубоҳисаҳо дар бораи нақши адабиёт дар қаробати фарҳангҳо, таҳкиму тавсеаи ҳамкории ноширони тоҷик бо ҳамтоёни эронӣ, ки решаҳои муштараки таърихӣ доранд, баргузор мегарданд.
Ҳадаф аз иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ тарғиби адабиёти тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ ва тақвият бахшидани робитаҳои фарҳангии байнидавлатӣ мебошад.
Иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон», ки яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои Осиё (бо зиёда аз 2 миллион тамошобин) ба ҳисоб меравад, барои Тоҷикистон дар ҳифзу рушди мероси пурғановати адабӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки байнамилалӣ дар самти тарҷума, таҳқиқоти илмӣ ва табодули таҷриба бо адибону ноширони хориҷӣ имконияти фарох фароҳам меорад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






