Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварии маҳсулоти полезӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 14.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон ҷамъоварии ҳандалаку харбуза оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Имсол дар ноҳияи Дӯстӣ дар беш аз 900 гектар тарбузу харбуза ва ҳандалак кишт шудааст, ки аз ин шумора 495 гектарашро ҳандалаку харбузаи навъҳои пешпазак ташкил медиҳад.
Кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ ҳамасола бо истифода аз таҷриба навъҳои пешпазак ва ба бемориҳо тобовари ҳандалакро интихоб ва кишт менамоянд. Ҳамин аст, ки ҳар сол яке аз аввалинҳо шуда, маҳсули дастранҷи онҳо омода ва ба бозорҳои мамлакат бароварда мешавад.
Ҳоло ҳосили тарбуз низ пухта расида, рӯзҳои наздик ҷамъоварии он низ оғоз мегардад.
Ҳандалак аз ҷинси харбуза буда, вале нисбатан хурд ва пешпазак аст. Ҳандалак тамъи ширин дошта, ниҳоят хушбӯй мешавад.
Табибон тавсия медиҳанд, ки бӯйи ҳандалак, яъне бӯйидани он ба майна қувват бахшида, хастагиро бартараф мегардонад. Инчунин он хусусияти пешобронӣ дошта, баданро тоза нигоҳ медорад. Шахсе, ки дар гурда ё пешобдон санг дошта бошад ва агар ҳандалаки хомро чанд рӯз бихӯрад, ҳандалак сангҳоро майда карда, мерезонад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






