Дар Норак фестивал ва Форуми «Саводнокии молиявӣ» баргузор гардид

Май 2, 2025 11:44

ДУШАНБЕ, 02.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон ва иштироки ташкилоти қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ дар шаҳри Норак фестивал ва Форуми «Саводнокии молиявӣ» баргузор гардид, ки дар он ҳамзамон маҳсулоти молиявӣ ба намоиш гузошта шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк».

Фестивал ва Форуми «Саводнокии  молиявӣ» дар асоси «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамӣ, огоҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар бораи маҳсулот ва хизматрасонии гуногуни бонкӣ, инчунин ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ гузаронида шуд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар  ин фестивал фаъолона иштирок карда, маҳсулоти бонкӣ ва хизматрасониҳои «Амонатбонк»-ро ба  муштариён  пешниҳод намуд.

Ба иштирокдорон оид ба маҳсулоти бонкӣ, бахусус  воситаҳои пардохти ғайринақдӣ, аз қабили барномаи мобилии «Амонат-мобайл», кортҳои пардохтӣ, «Интернет-банкинг», пешниҳоди қарз, намуди пасандозҳои бонкӣ ва ғайра маълумот пешниҳод гардид.

АКС: «Амонатбонк»

Май 2, 2025 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст