Дар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн маҳдуд карда мешавад

Май 20, 2025 12:03

ДУШАНБЕ, 20.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 1 июни соли равон дар Тоҷикистон барои ҳаракати нақлиёти гаронвазн дар роҳҳои мамлакат маҳдудияти мавсимӣ оғоз мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Ҳангоми беш аз 25 дараҷа гарм будани ҳаво ҳаракати нақлиёте, ки зиёда аз 6 тонна вазн дорад, аз соати 10:00 то 20:00 маҳдуд карда мешавад. Ин тасмим дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст, ки ҳадафаш пешгирии вайроншавии роҳҳои мошингарди мамлакат мебошад.

Маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн то 31 август идома меёбад.

Маҳдудият дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Чанок (Хуҷанд- Бӯстон-сарҳади Узбекистон, Душанбе-Турсунзода-сарҳади Узбекистон, Душанбе-Қулма (тавассути Ваҳдат-Данғара-Кӯлоб-Хоруғ-сарҳади Чин, Ваҳдат-Рашт-Лахш-сарҳади Қирғизистон, Гулистон-Фархор-Панҷ- Дӯстӣ-сарҳади Афғонистон, Бохтар-Данғара, Қизил-Қалъа-Ҷарбуҷа (тавассути Қабодиён-Шаҳритус-Айвоҷ-сарҳади Узбекистон), Душанбе- Бохтар-Панҷи поён-сарҳади Афғонистон, Айнӣ-Панҷакент-сарҳади Узбекистон, Истаравшан-Зафаробод-сарҳади Узбекистон, Конибодом- Деҳмой, Истаравшан-Зафаробод-сарҳади Узбекистон, Исфара-Ворух- сарҳади Қирғизистон, Ғафуров-Булоқ-Пунгон-сарҳади Узбекистон амалӣ карда мешавад.

Маҳдудият барои дигар роҳҳое, ки ба онҳо ишора нашудааст, аз 8 тонна боло муқаррар шудааст.

Бояд гуфт, ки ин маҳдудият нисбат ба мошинҳое, ки мусофирон, кумаки башардӯстона, маҳсулоти хӯроквории зудвайроншаванда, борҳои хатарнок, калонҳаҷм ва ангишт мекашонанд ва иҷозатномаи махсус доранд, татбиқ карда намешавад.

Маҳдудияти сарбории иҷозатдодашудаи меҳварӣ ҳангоми ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умумӣ дар фасли тобистон дар бисёр кишварҳои ҷаҳон барои пешгирӣ кардани таъсири манфӣ ба ҳолати роҳҳо амалӣ карда мешавад.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 20, 2025 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад