Дар шаҳраки Сайҳуни вилояти Суғд лоиҳаи нави Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд амалӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 22.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд нақша дорад, ки барои муҳайё намудани инфрасохтори муосир дар шаҳраки Сайҳун лоиҳаи навро амалӣ намояд. Дар ин хусус зимни вохӯрии намояндагони вилояти Суғд бо ҳайати Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ибрози назар карда шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳадафи асосии лоиҳаҳои Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд инкишоф додани иқтисоди минтақа, таъмини аҳолӣ бо манзил, ҳифзи заминҳои кишоварзӣ ва ташкили инфрасохтори мукаммал мебошад.
Дар вохӯрӣ Консепсияи рушди ҳаракати ҳамгирошудаи шаҳрҳо дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он муаррифӣ шуда, масъалаҳои сармоягузорӣ ба инфрасохтори нақлиётӣ, дастгирии иқтисоди шаҳр ва беҳтарсозии шароити зист мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳоло бо дастгирии шарикони рушд ва ин бонк дар вилоят даҳҳо лоиҳаҳо амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд» ва харидории электробусҳо дар беҳсозии муҳити зист ва рафъи мушкилоти нақлиётӣ қадами муҳим мебошад.
Зимни вохӯрӣ инчунин иҷрои пурраи лоиҳа, дастрасии саривақтии маблағ ва хариди шумораи зарурии воситаҳои нақлиёти барқӣ зарур дониста шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






