Дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд

Май 13, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 13.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки 20 ҷуфт оилаҳои намунавӣ аз маҳаллаҳои шаҳр Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Иброз гардид, ки оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз оила сарчашма мегирад. Дар оила ҳамчунин муошират кардан ва бо ҷаҳони берунӣ шинос шудан ёд дода шуда, шинохти анъанаҳо ва аз насл ба насл ба мерос гузоштани онҳо низ аз оила маншаъ мегирад. Аз ин рӯ, оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо баён доштанд, ки «давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя менамояд».

Зимни ҳамоиш ба 5 ҷуфт оилаҳое, ки дар ин рӯз соҳиби фарзанд гардидаанд, шаҳодатномаи таваллуд ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Ба 20 оилае, ки ҳамзистии 15, 30, 35, 45, 50, 55 сол доштанд, туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 15 май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад. Он соли 1994 бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

Май 13, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид