Дар вилояти Хатлон санҷиши омодагии ҳайати захираҳои сафарбарӣ доир гардид

Май 15, 2025 16:54

ДУШАНБЕ, 15.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барои таъмини мудофиаи давлат, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва дар маҷмуъ баланд бардоштани қудрати дифоии мамлакат чанд рӯзи охир бо иштироки роҳбарияти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Хатлон санҷиши омодагии ҳайати захираҳои сафарбарӣ, қувва ва воситаҳои ҳудудӣ идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар доданд.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода зимни баргузории ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулияти омодагии сафарбарӣ дар ноҳияи Панҷ иброз намуд, ки рушди ҳамаи соҳаҳои давлатдорӣ аз таъмини сулҳу субот, ҳифзи марзу буми мамлакат ва зиндагии осоиштаи мардум вобаста буда, саҳми сокинони меҳанпараст дар ин самт хеле муҳим мебошад.

Дар ҷамъомад, шаҳрвандони  аз 18 то 55-сола аз ҳисоби ҷавонписарону мардон даъват гардида буданд ва  бо иштироки фаъолона исбот намуданд, ки барои татбиқи сиёсати мудофиавии Ҳукумати мамлакат, дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳимояи марзу буми Ватани хеш ҳамеша омода ҳастанд.

Зимни санҷиши ҳолати омодагии қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон миқдори зиёди техникаи хоҷагии халқ ҷамъ оварда шуда, бо омодагии ҳамаҷониба ба машғулияти пешбинигардида ҷалб карда шуданд.


         Ҳадаф аз мунтазам баргузор намудани чунин ҷамъомаду машғулияти таълимӣ, аз як тараф санҷидани қувва ва воситаҳои моддӣ – техникӣ бошад, аз ҷониби дигар баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷузъу томҳо ва захираҳои сафарбарӣ дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи ҷамъомад волидони сарбозоне, ки ҳоло фарзандонашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат адои хизмат менамоянд, бо Сипосномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  қадрдонӣ гардиданд.

Ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулияти омодагии сафарбарӣ дар ноҳияҳои Қубодиён, Панҷ ва Дӯстӣ низ доир гардид.

Дар назар аст, ки ба ин чорабинӣ ва машғулияти таълимии ҳарбӣ шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаи ноҳияҳои Ҷайҳун ва Ҷалолиддини Балхӣ низ фаро гирифта шаванд.

 

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 15, 2025 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд