Директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз пешсафии афзояндаи Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти глобалии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ситоиш намуд
ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз Мафалда Дуартеро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Баъди анҷоми мулоқот Мафалда Дуарте аз пешсафии афзояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ситоиш намуд.
Мафалда Дуарте чунин гуфт: «Мехоҳам ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи гарму самимӣ ва иродаи қавӣ барои ҳалли мушкилоти тағйироти иқлим арзи сипос намоям. Маҳз таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳонӣ Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро эътироф мекунад ва 21 мартро чун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил менамояд. Ин қадамҳои таърихӣ мебошанд, ки нақши муҳими Тоҷикистонро дар ҷалби таваҷҷуҳ ба зарурати фаврии ҳифзи пиряхҳо на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои миллиардҳо нафар дар саросари ҷаҳон нишон медиҳанд».
Директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз таъкид намуд, ки пиряхҳо манбаи муҳими оби тоза ва энергия, бахусус дар Осиёи Марказӣ мебошанд. Беш аз ду миллиард нафар дар саросари ҷаҳон барои оби ошомиданӣ, кишоварзӣ ва барқи обӣ ба пиряхҳо такя менамоянд.
«Тоҷикистон аллакай бо талафоти зиёди пиряхҳо рӯбарӯ шудааст ва мо бояд барои пешгирии таназзули минбаъда дастҷамъона амал намоем», — афзуд ӯ ва илова кард, ки «мо аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат барои садои ташаббускору ҷасурона ва эҳсоси зарурати фаврӣ дар арсаи ҷаҳонии иқлим ситоиш менамоем».
Мафалда Дуарте ҳамчунин дастовардҳои манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқи Тоҷикистон ва нақши содироти неруи тозаи барқро ба минтақаҳои ҳамсоя ҳамчун намунаи рушди устувор таъкид кард. Вай омодагии Бунёди иқлими сабзро барои таҳкими ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти иқлим, барқарорсозии ҷангал ва талошҳои мутобиқшавӣ изҳор дошт.
«Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври возеҳ дарк менамоянд, ки ҳифзи пиряхҳо маънои дар зери 1,5°С нигоҳ доштани гармшавии глобалӣ мебошад. Ин гуна назар ва роҳбарии пешсаф маҳз ҳамон чизест, ки ҳоло ҷаҳон ба он ниёз дорад», — гуфт ӯ.
Бунёди иқлими сабз умедвор аст, ки шарикии худро бо Тоҷикистон барои дастгирии устувории дарозмуддати иқлим ва рушди устувори иқтисодӣ густариш диҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ҳавзаи федералии Урали Русия мулоқот намуд
Дар Лондон машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир баргузор шуданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрӣ бо раис ва аъзои гурӯҳи ҳамаҳизбии Парлумони Подшоҳии Муттаҳида барои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Женева дар доираи иҷлосияи 61-уми Шурои ҳуқуқи инсони СММ чорабинии канории Тоҷикистон баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Парлумони Гурҷистон мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳамватанон, донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Бошқирдистони Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми донишгоҳҳо ва илм байни Олмон ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар қароргоҳи ИДМ дар Минск ҷаласаи Шурои намояндагони доимӣ баргузор гардид






