Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 02.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» ифтитоҳ мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар маросими ифтитоҳ операи «Рӯдакӣ»-и Шарофиддин Сайфиддинов пешниҳод мегардад. Ин намоиш аввалин бор соли 1976 рӯйи саҳна омада, аз ҷониби тамошобинон хуб қабул гардид. Намоиш аз тарафи мунаққидон сазовори баҳои баланд гардида, то имрӯз дар саҳнаи театр гузошта мешавад.
Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» бо мақсади тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина такмил додани маҳорату малакаи ҳунарӣ, огоҳӣ ёфтан аз дастовардҳои эҷодии ҳамдигар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди санъати театрӣ доир мешавад.
Дар фестивал ҳайатҳои театрии давлатҳои Арманистон, Озарбойҷон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Эрон ва Тоҷикистон иштирок менамоянд. Ҳунармандон намоишҳоро дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов манзури ҳаводорон мегардонанд.
Дар назар аст, ки 3 май, соати 11:00 намоиши «Одоби шикори рӯбоҳ»-и Театри Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ва соати 17:30 намоиши «Никоҳи пинҳон»-и Театри давлатии академии мусиқии бачагонаи Москва ба номи Наталя Сатс дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳоди тамошобинон гардонида шаванд.
Маросими анҷоми фестивали байналмилалӣ 6 май, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид






