Форуми ҷавонони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 19.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонони Тоҷикистон» Форуми ҷавонони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Иштирокчиёни форум ба хотири арҷгузорию эҳтиром ва гиромидошти хизматҳои арзишманди шоири тавоно дар доираи тақдими «Шоҳнома» ба сокинони мамлакат ба пояи муҷассамаи Ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ, воқеъ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ гулчанбар гузоштанд.
Меҳмонон ҳамзамон бо намоиши дастовардҳои ҷавонони ноҳияи Фирдавсӣ шинос шуда, дар бахши сиёсию фарҳангии форум оид ба сиёсати давлатии ҷавонон, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда, ҳамчунин ғамхории пайвастаи Ҳукумати мамлакат, бахусус роҳбарияти олии мамлакат сухан намуданд.
Дар доираи форум чорабинию озмунҳо баргузор гардида, ғолибон дар вазъияти тантанавӣ бо Диплом ва туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Илова бар ин, як зумра ҷавонони фаъоли ноҳияи Фирдавсӣ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар идома ба ҷавононе, ки нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дохил шудаанд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи баргузории форум конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон: таҷриба, методология ва дурнамо», маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Бо ҳам китоб мехонем», озмуни умуминоҳиявӣ таҳти унвони «Беҳтарин донандаи забонҳои хориҷӣ», шоу-барномаи фарҳангӣ, дидорбинии сарбозону афсарон, тамошои IT – Парки шаҳри Душанбе аз ҷониби ҷавонон, мусобиқаҳои варзишӣ, аксияву ҳамоиш ва дигар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ баргузор гардиданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад






