Форуми ҷавонони Осиёи Марказӣ ва давлатҳои аъзои Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 20.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 24 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои аъзои Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ (GCC) баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Форум ҳамчун платформаи фаромарзии ҷавонон ба тавсеаи ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ байни насли ҷавон, муаррифии иқтидор ва имконоти онҳо, инчунин ташвиқи ташаббусҳои муштарак дар самтҳои муҳимми рушди устувор, инноватсия, муҳити зист, варзиш, фарҳанг ва таҳкими муносибатҳои дӯстона байни давлатҳои ду минтақа нигаронида шудааст.
Форум қадами муҳимму стратегӣ дар таҳкими пайванд байни насли ҷавони Осиёи Марказӣ ва давлатҳои аъзои Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ арзёбӣ мешавад. Баргузории чунин ҳамоишҳо на танҳо ба рушди шабакаи ҳамкорӣ байни ҷавонон мусоидат мекунад, балки ба рушди дипломатияи мардумӣ ва таҳкими дӯстию ҳамдилӣ байни давлатҳо низ такони нав мебахшад.
Форум бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ (GCC), ки моҳи июли соли 2023 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор гардида буд, пешниҳод шуда, дастгирӣ ёфт.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






