Иқдоми беназири Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шабакаҳои телевизонии давлатии Туркманистон муаррифӣ гардид

Май 21, 2025 15:36

ДУШАНБЕ, 21.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Иқдоми беназири Тоҷикистон оид ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар шабакаҳои телевизонии давлатии Туркманистон муаррифӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, 12-13 май дар шаҳри Ашқободи Туркманистон таҳти унвони «Таҳкими устувории кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути ҳамкории минтақавӣ ҷиҳати арзёбии низоми гласио-невалии баландкӯҳҳо бо мақсади инкишофи тарзу усулҳои фарогир барои рушди устувор ва мутобиқгардонӣ ба тағйирёбии иқлим» машварати миллӣ баргузор шуд.

Дар он сарходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳо Анвар Ҳомидов иштирок намуд.

Дар ҳошияи машварат Анвар Ҳомидов дар шабакаҳои давлатии Туркманистон зимни мизи мудаввари телевизионӣ ташаббусҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, инчунин баргузории Конфронси  сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро муаррифӣ намуд.

Бояд гуфт, ки қариб 90 фоизи захираҳои обие, ки Тукманистон истифода менамояд, аз ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш, Бартанг, Гунт, Язғулом, Ванҷ ва дигар дарёҳои Тоҷикистон ташаккул меёбанд.

Тавре сарходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳо иброз дошт, «Конфронси  сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 моҳи май дар маркази Тоҷикистон баргузор мегардад, Душанберо ба платформаи байналмилалӣ барои баррасии пешбурд ва таҳкими ҳадафҳои рушди устувор, ки ба беҳтар гардидани некӯаҳволи ҳаёти башарият ва ҳифзи сайёра равона шудааст, пайваст менамояд».

Обшавии босуръати пиряхҳо, ки манбаи асосии оби ошомидании сокинони сайёра мебошанд, метавонад боиси коҳиши минбаъдаи сарчашмаи оби ошомидании тоза гардида, аҳолии ҷаҳонро ба ҳодисаҳои зиёди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз нигаронии Сарвари давлат дар масъалаи об ва иқлим бамавқеъ ва саривақтӣ мебошад.

Ҳамин аст, ки Роҳбари давлат пайваста аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват менамоянд, ки  барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намоянд.

АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 21, 2025 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд