Истгоҳи «Ваҳдат»-и Роҳи оҳани Тоҷикистон баъд аз навсозии пурра ба истифода дода шуд

Май 29, 2025 15:57

ДУШАНБЕ, 29.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Истгоҳи «Ваҳдат»-и Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар шаҳри Ваҳдат баъд аз навсозии пурра ва муҷаҳҳазгардонӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ доданд.

Истгоҳи «Ваҳдат»-и Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки то имрӯз ба талаботи корӣ ҷавобгӯ набуд, бо талошу ташаббусҳои роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вусъати тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра навсозию муҷаҳҳаз гардонида шуда, бо тарҳу намои муосир ва шароити хуби корӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре дар расми ифтитоҳи истгоҳи роҳи оҳан таъкид карда шуд, беҳтарсозии шароити корӣ дар тамоми раёсату муассисаҳои “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва боркашонию мусофиркашонӣ аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти корхона ба ҳисоб меравад ва дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Иншооти истгоҳи “Ваҳдат” дар солҳои 20-уми асри гузашта бунёд гардида, ба талаботи имрӯзи хизматрасонӣ дар роҳи оҳан умуман ҷавобгӯ набуд ва шароити зарурии корӣ надошт. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ва зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи роҳу нақлиёт инфрасохтори роҳи оҳани мамлакат бунёду навсозӣ ва таъмиру таҷдиди пурра карда шуда, ба талаботи муосир мутобиқ гардонда шуд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бинои нави маъмурии Истгоҳи роҳи оҳани «Регар» баъд аз таъмир ба истифода дода шуд.

Бинои нави маъмурии Истгоҳи роҳи оҳани «Регар» дар муддати як сол бо ташаббуси роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бунёд гардид. Дар он тамоми шароити мусоиди корӣ барои кормандони Истгоҳи роҳи оҳани «Регар» фароҳам оварда шудааст. Бино аз як ошёна иборат буда, дорои 1 маҷлисгоҳ, 11 утоқи корӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад.

Инчунин бинои нав бо шабакаи гармидиҳӣ пайваст гардидааст. Бинои қаблии Истгоҳи роҳи оҳани «Регар», ки ҳанӯз соли 1936 сохта шуда буд, хеле фарсуда гардида, ба талаботи рӯз мувофиқ набуд.

Ба истифода додани бинои нави маъмурии Истгоҳи роҳи оҳани «Регар» шароити мусоиди кориро барои кормандони ин истгоҳ, ки теъдодашон беш аз 65 нафар аст, фароҳам оварда, ба рушди соҳа муосидат менамояд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Май 29, 2025 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд