ҒИЗОИ СОЛИМ. Инсон дар як шабонарӯз бояд то 400 грамм меваю сабзавот истеъмол намояд

Май 3, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 03.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи таҳлили коршиносон, инсон дар як шабонарӯз бояд аз 200 то 400 грамм меваю сабзавот истеъмол намояд. Сабзавотро даҳ дақиқа пеш аз таом бояд истеъмол намуд. Зеро онҳо тамоми витаминҳо ва маъданҳои барои бадан заруриро таъмин менамоянд, мубодилаи моддаҳоро беҳтар намуда, фаъолияти меъдаю рӯдаро ба эътидол меоранд. Ин матлабро ба АМИТ «Ховар» доктори илмҳои тиб, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷаҳон Азонов иброз намуд.

Сабзавот маҳсулоти пурарзиши парҳезӣ ба шумор рафта, дар тамоми фасли сол барои организм зарур мебошад.  Агар хоҳед, ки фарзандатон ба истеъмоли сабзавот бештар рағбат пайдо намояд, ҳамеша дар дастархони худ хӯриш ва ё таомҳои гуногуни аз сабзавот омодашуда гузоред.

Ғизошиноси Англия Алисон Тедстон гуфтааст, ки «ҳамарӯза истеъмол намудани 400 грамм меваю сабзавот мувозинати ғизогирии солимро нигоҳ дошта, бемориҳои гуногунро пешгирӣ менамояд. Аз ин миқдор зиёд хӯрдан хуб аст ва метавонад боиси натиҷаҳои ғайривоқеӣ ҳам гардад».

Маҳсулоти сабзавотӣ асосан дорои шаш категорияи ғизоӣ аст, ки инсон ҳар рӯз ба он эҳтиёҷ дорад. Дар онҳо витаминҳои А, В, С ва моддаҳои биоактивӣ, аз қабили ликопен, хлорофилл, алкалоидҳо ва полифенолҳо мавҷуд мебошанд.

Ба таҳлили олимони соҳаи тиб, омили тезпиршавӣ- ин таҳшин шудани намакҳо дар рагҳои хунгузар мебошад. Зимни истифодаи ғизои сабзавотӣ реаксияи хун тағйир ёфта, боиси ҳалшавии намакҳо мегардад. Инчунин истеъмоли сабзавот токсинҳоро аз бадан хориҷ карда, раванди пиршавиро пешгирӣ менамояд.

Истеъмоли сабзавот барои ба танзим овардани кори системаи асаб, ҳазми хӯрок ва узвҳои ғадудҳосилкунанда нақши муҳим мебозад ва инсонро аз бемориҳои дилу рагҳо ва саратон муҳофизат менамояд.

Агар мо таоми серчарб истеъмол карданӣ бошем, пеш аз он бояд сабзавот, ба монанди помидор, бодиринг, шибит ё навъҳои дигари онро истеъмол намоем. Дар ин ҳолат қобилияти таҳшиншавии он чарбҳое, ки ба организм ворид мешаванд, нест мегардад. Агар чарбу дар организм бештар таҳшин шавад, омили пайдошавии бемории дилу рагҳо мегардад.

Аҳамияти ғизоӣ ва ивазнашавандаи сабзавот- ин мавҷудияти моддаҳои маъданӣ, ба монанди намакҳои калсий, калий, фосфор ва оҳан аст, ки дар таркиби онҳо мебошад. Калий дар таркиби барг барои хӯриш, нахӯд, картошка ва исфанох мавҷуд аст. Калсий дар таркиби шулха, гулкарам, сабзӣ ва карам бештар мебошад. Инчунин фосфор дар таркиби каду, сабзӣ, карамҳои гуногун, шулха ва нахӯди сабзавотӣ мавҷуд аст.

Калориянокии маҳсулоти сабзавотӣ 2-10 маротиба аз нон ва 12-60 маротиба аз чарбҳо пасттар мебошад. Аз ин рӯ истеъмоли таоми аз ҷиҳати экологӣ тоза боиси хуб рушд ёфтани ҷисми инсон гардида, ҳолати фикррониро низ беҳтар менамояд. Ин аст, ки мутахассисони соҳаи тиб риояи истеъмоли дурусти ғизои солиму аз ҷиҳати экологӣ тозаро дар давраи инкишофи организм зарур мешуморанд.

Аксари витаминҳо, ба монанди витамини С барои организм хеле муҳим мебошанд ва наметавонанд дар организми инсон ба муддати  дуру дароз захира шаванд. Аз ин рӯ ҳар рӯз бояд миқдори зарурии сабзавоту мева истеъмол намоем. Яъне, 1 қаламфури калони булғорӣ, 3 дона помидори ҳаҷмаш миёна ё 160 грамм карам организмро бо витамини С таъмин менамоянд.

Агар барои истеъмоли сабзавоти тару тоза ҳар рӯз имконият набошад ё ҳангоми набудани мавсими сабзавоту меваҳо метавонед маҳсулоти яхкардашуда, консервашуда, сиркошуда ва хушккардашударо  истеъмол намоед. Зеро онҳо дорои моддаҳои зарурии ғизонок мебошанд.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 3, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид