Кирмакпарварони шаҳри Турсунзода зиёда аз 3 тоннаю 800 килограмм пиллаи хушсифат истеҳсол намудаанд

Май 29, 2025 13:30

ТУРСУНЗОДА, 29.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Кирмакпарварӣ  соҳаи нозук буда, агар инсон ба он бо меҳру муҳаббати хосса машғул шавад, ҳосили фаровон ба даст оварда, шароити зиндагияшро хуб карда метавонад. Барои мисол, ман ҳамроҳи аҳли оилаам даҳ қуттӣ кирмак гирифтам,  ки имрӯзҳо ҳосили фаровони онро ҷамъоварӣ дорем. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» дар шаҳри Турсунзода як килограмм пиллаи омехтаи истеҳсолшударо аз мо ба маблағи 20 сомонӣ харидорӣ менамояд. Чунин иброз дошт кирмакпарвар Алимардон Шоҳимардонов аз Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.

Тавре намояндаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» дар шаҳри Турсунзода   Рамазон Файзуллоев  иттилоъ дод,  дар шаҳри Турсунзода  дар асоси барномаи «Рушду тараққиёти соҳаи пиллапарварӣ ва коркарди он» ба 80 пиллапарвари ҷамоатҳои деҳоти шаҳр 200 қуттӣ кирмак дода шуд. Хушбахтона, парваришу нигоҳубини кирмак хуб буда, кирмакпарварон ҳосили нағз ба даст меоваранд.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» дар шаҳри Турсунзода  аз пиллапарварон як  килограмм пиллаи тари нав истеҳсолшударо ба маблағи 20 сомонӣ харидорӣ менамояд.

Кирмакпарварони шаҳри Турсунзода бо риоя намудани ҳамаи қоидаҳои агротехникии парвариш ва нигоҳубини кирмак  бояд истеҳсоли пилларо ба 6 тонна расонанд. Хушбахтона, то имрӯз зиёда аз 3 тоннаю 800 килограмм пиллаи хушсифат истеҳсол намудаанд.

Яке аз пиллапарварони соҳибтаҷрибаи шаҳр Муаззама Раҷабова мебошад, ки имсол аз се қуттӣ 110 кг пилла ҷамъоварӣ намуд.  Ӯ гуфт, ки «мо, пиллапарварон хурсандем, ки маҳсули дасти мо харидор дорад ва сари вақт маблағгузорӣ мешавад. Соҳаи пиллапарварӣ нисбат ба солҳои пешин хеле хуб шудааст. Ҳоло пиллапарварон тавассути меҳнати ҳалол фоидаи хуб ба даст оварда, зиндагиашонро пеш мебаранд».

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Май 29, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд