КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ба ҷавонон таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва экосистема тавзеҳ дода мешавад

Май 27, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 27.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, чорабинии махсуси таълимӣ барои ҷавонон пешкаш карда мешавад, ки ҳадафаш баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва экосистема мебошад, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Барномаи махсуси таълимӣ қисми ҷудонашавандаи форуми ҷавонон мебошад, ки дар доираи конфронс баргузор мешавад. Дар он маърузаҳои коршиносон, муаррифии илмӣ-оммавӣ, филмҳои ҳуҷҷатӣ ва намоишгоҳҳо бахшида ба тағйирёбии иқлим ба нақша гирифта шудаанд.

Ҳамчунин дар назар аст, ки викторинаҳои илмӣ, ҷаласаҳои экологӣ ва саволу ҷавоб бо олимону экологҳо баргузор карда шаванд. Дар доираи форум ва пас аз анҷоми он Кумита баргузории як силсила чорабиниҳои муштаракро бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ ба нақша гирифтааст.

Ҷалби ҷавонон тавассути иштирок дар экспедитсияҳо, таҳқиқоти саҳроӣ, лоиҳаҳои мактабҳо ва донишҷӯён доир мешавад. Кумита талош менамояд, ки илмро ба насли наврас наздиктар кунад ва нишон диҳад, ки ҳама метавонанд дар ҳифзи пиряхҳо — хоҳ тавассути таҳқиқот, хоҳ санъат ё технология саҳм гузоранд.

Ба иттилои манбаъ, дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Шабакаи ҷавонон оид ба захираҳои об ва иқлим таъсис дода шудааст. Ҳадафи ин шабака муттаҳид кардани ҷавонони фаъол, ки ба ҳалли мушкилоти экологӣ ва иқлимӣ, бахусус идоракунии устувори об ва ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳ доранд, мебошад.

Шабака ташаббусҳои ҷавононро пешбарӣ менамояд, лоиҳаҳои таълимӣ ва илмиро амалӣ мекунад ва дар платформаҳои миллӣ ва байналмилалӣ бахшида ба дипломатияи об ва иқлим иштирок менамояд. Он ҳамчун платформаи табодули дониш, амалҳои муштарак, таҳқиқот ва муколама байни ҷавонон, коршиносон ва сохторҳои давлатӣ хизмат менамояд.

Кумита дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилалӣ ва миллӣ якчанд лоиҳаҳо, аз ҷумла «Ҷавонон барои табиати пок», Рӯзҳои миллии чорабиниҳои экологӣ, инчунин лоиҳаи рушди илми ҷавонон дар соҳаи иқлимшиносиро амалӣ менамояд. Шумо метавонед тавассути созмонҳои ҷавонон, иттиҳодияҳои ихтиёрӣ, эко-клубҳо ва пешниҳоди дархостҳои ташаббускор барои озмунҳои кушод, ки мо мунтазам баргузор менамоем, иштирок намоед.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи соли 2025 -Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида, аз ҷониби беш аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт, гузаронида мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 27, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд