КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар доираи ин чорабинӣ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 16.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 моҳи май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар намоиш маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили мевагӣ, полезӣ, хушкмеваҳо ва дигар навъҳои он пешниҳод карда мешаванд.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим дар пойтахти мамлакат гузаронида шуда, дар ҳошияи он баргузории муколамаҳои муштарак, форум ва ҷаласаҳои алоҳида доир ба масъалаҳои об ва иқлим дар назар аст. Инчунин дар доираи он масъалаи мубориза бо хушксолӣ, ки яке аз мушкилоти рӯзмарраи кишоварзон мебошад, мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид. Ин қатънома моҳи декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории зиёда аз 150 давлати дунё қабул гардид.
Дар назар аст, ки иштирокчиёни конфронс масъалаҳои пешбурди таҳқиқот ва мониторинги илмӣ, рушди илми пиряхҳо ва криосфераи баландкӯҳ, аз ҷумла донишҳои мардуми маҳаллӣ, навовариҳои технологӣ ва системаҳои мониторингро, ки ба фаҳмидани динамикаи ақибнишинии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба экосистемаҳо, захираҳои об ва системаи ҷаҳонии иқлим нигаронида шудаанд, баррасӣ намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон






