КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Имрӯз дар доираи он форумҳои пешазконфронсӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ доир мешаванд

Май 29, 2025 08:39

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 май баргузор мегардад, форумҳо ва чорабиниҳои канорӣ оғоз меёбанд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Ин конфронс дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо доир мегардад, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст.

Дар чаҳорчӯби конфронс 8 форуми мавзуӣ, 18 чорабинии канорӣ (сайд-ивентҳо), 12 ҷаласаи мавзуӣ, Фестивали пиряхҳо,  намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва 2 ҷаласаи пленарӣ гузаронида мешаванд.

Бегоҳи имрӯз дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар майдони «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт барномаи фарҳангии «Нидои лозур» баргузор мешавад.

Ба иштирокчиёни чорабинӣ — сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ пешниҳод мегардад. Ҳунармандони моҳир гулдӯзӣ, бофандагӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, маҳсулоти нонӣ ва таомҳои миллиро ба намоиш мегузоранд.

Ғайр аз ин барномаи фарҳангӣ пешниҳод мешавад, ки дар он сурудҳо ва рақси миллии тоҷикӣ дар иҷрои гурӯҳҳои беҳтарини ҷумҳурӣ иҷро хоҳанд шуд.

Иштироки муовинони президентҳои Эрон, Зимбабве, Гамбия ва Малдив, муовинони сарвазирони Озарбойҷон, Лесото ва Булғористон, 12 вазири кишварҳои хориҷӣ, раҳбарони сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, ба мисли WMO, UNESCAP, UNICEF ва Намояндаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об тасдиқ шудааст. Ҳамчунин Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай ва 24 роҳбари дигар ташкилоти минтақавӣ низ дар конфронс иштирок хоҳанд кард. Барои иштирок  дар ин чорабинӣ тақрибан 2,5 ҳазор нафар аз беш аз 80 давлат ба қайд гирифта шудаанд.

Интизор меравад, ки конфронс ба рӯйдоди муҳими ҷаҳонӣ дар самти таҳияи қарорҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо тағйирёбии иқлим— масъалаҳое, ки сол ба сол шадидтар ва муҳимтар мегарданд, табдил ёбад.

Ёдовар мешавем, ки конфронс дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 декабри соли 2022 дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шуда, аз ҷониби беш аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 29, 2025 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон