КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Обшавии босуръати пиряхҳо дар Арктика ва Антарктида боиси ноустувории қабатҳои ях мегардад
ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Кохи Сомон» дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ҷаласаи аввали мавзуӣ баргузор гардид, ки ба пайомадҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии обшавии пиряхҳо бахшида шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҷаласаи аввал таҳти унвони «Пиряхҳо, қабатҳои яхии Арктика ва Антарктида, хатари баландшавии сатҳи баҳр ва стратегияҳо барои давлатҳои хурди дар ҳоли рушд» доир шуд.
Дар ҷаласа мутахассисони байналмилалӣ, олимон, сиёсатмадорон ва намояндагони давлатҳои хурди ҷазиравии рӯ ба рушд иштирок намуданд. Мақсади асосии ҷаласа баррасии пайомадҳои тағйирёбии шадиди иқлим дар минтақаҳои қутбӣ буд.
Тавре иштирокчиён таъкид намуданд, обшавии босуръати пиряхҳо дар Арктика ва Антарктида боиси ноустувории қабатҳои ях ва баландшавии сатҳи баҳр мегардад. Ин ҳолат барои минтақаҳои пастмуҳити соҳилӣ, ки дар онҳо тақрибан 680 миллион нафар зиндагӣ мекунанд ва ҳамчунин барои давлатҳои хурди ҷазиравии рӯ ба рушд хатари ҷиддӣ ба шумор меравад, гарчанде ки пиряхҳо аз онҳо хеле дур ҷойгиранд.
Дар ҷаласа таваҷҷуҳи махсус ба зиёд кардани кӯшишҳо барои коҳиши гармшавии глобалӣ, сармоягузорӣ ба низомҳои ҳушдордиҳии пешакӣ, ҳифзи минтақаҳои соҳилӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи криосфера равона гардид.
Интизор меравад, ки натиҷаҳои муҳокимаҳо ба таҳияи тавсияҳо ва амалҳои мушаххас дар самти ҳифзи пиряхҳо ва таъмини ояндаи устувор барои давлатҳо ва минтақаҳои осебпазир мусоидат хоҳанд кард.
Конференсия дар шаҳри Душанбе ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва пешбурди рӯзномаи иқлимӣ мусоидат намуда, нақши муҳими пиряхҳоро ҳамчун манбаи оби нӯшокии сайёра таъкид мекунад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар маросими тантанавии ифтитоҳи конфронс, ки дар «Кохи Сомон» баргузор шуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Амина Муҳаммад, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Муҳаммад Шаҳбоз Шариф, шахсиятҳои баландмақом ва роҳбарони дигар ҳайатҳои расмӣ суханронӣ намуданд. Пас аз он кори конфронс дар шакли ҷаласаҳои мавзуӣ ва муҳокимаҳои панелӣ оғоз гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар ин рӯзҳо Тоҷикистон ба майдони муҳими байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим табдил ёфтааст.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






