Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро 500 нафар хабарнигорони дохилию хориҷӣ инъикос менамоянд

Май 30, 2025 09:34

ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ин лаҳзаҳо дар «Кохи Сомон» Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо оғоз гардида, ҷараёни онро беш аз 500 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ инъикос менамоянд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори   Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ иттилоъ дод.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳалли проблемаи обшавии пиряхҳо аҳамияти калон медиҳад. Аз ин рӯ, дар ҷойҳои баргузории конфронс барои кори намояндагони воситаҳои ахбори омма тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

«Ин, пеш аз ҳама, маркази матбуоти муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ, интернети баландсуръат дар тамоми минтақа, ки дар он чорабиниҳо баргузор мешаванд, дастрасӣ ба ҳамаи форумҳо ва ҷаласаҳои пленарӣ мебошад. Рӯзноманигороне, ки дар конфронс номнавис шудаанд, имкон доранд бо роҳбарони ҳайатҳо, коршиносон ва намояндагони доираҳои илмие, ки проблемаи обшавии пиряхҳоро меомӯзанд, суҳбат намоянд», -гуфт Шоҳин Самадӣ.

Боиси хушнудӣ аст, ки даъватҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти ҳифзи пиряхҳо шунида шуда, ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилоти доғи ин масъаларо дар ин конфронси байналмилалӣ баррасӣ хоҳанд кард.

«Итминон дорам, ки рӯзноманигорон бо иштирок ва инъикоси мушкилоти обшавии пиряхҳо дар огоҳ намудани тамоми башарият аз хатари нобудшавии пиряхҳо саҳми арзанда мегузоранд»,-афзуд сардори Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 30, 2025 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид