Константино Чивенга: «Тоҷикистон дар самти тавлиди энергияи «сабз» таҷрибаи нодир дорад»

Май 28, 2025 16:55

ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Мулоқоти имрӯза бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатии мо заминаи муҳим фароҳам овард. Дар мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба байни Ҷумҳурии Зимбабве ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуданд», — иброз дошт пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенга.

Ба иттилои Константино Чивенга, зимни мулоқот таваҷҷуҳи асосӣ ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ равона гардид.

«Мо солҳои охир ҳамкории дипломатӣ ва сиёсиро тақвият бахшида, ҳоло ба сатҳи ҳамкории иқтисодӣ рӯ оварда истодаем. Ин дуюмин сафари расмии мо ба Тоҷикистон аст, ки дар он масъалаҳои густариши равобити иқтисодӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд», — таъкид намуд Константино Чивенга.

Муовини якуми Президенти Зимбабве таъкид намуд, ки феълан якчанд санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла ёддоштҳои тафоҳум байни ду давлат дар марҳилаи омодагӣ қарор доранд ва ояндаи наздик ба имзо мерасанд.

«Тоҷикистон дар самти тавлиди энергияи «сабз» таҷрибаи нодир дорад ва ҳоло дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад. Мо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика манфиатдорем, зеро бе неруи барқ ҳеҷ кишвар наметавонад рушд кунад», — афзуд Константино Чивенга.

Константино Чивенга ҳамчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ ва сайёҳӣ низ дорои таҷрибаи арзанда буда, Зимбабве хоҳони мубодилаи таҷриба ва ҳамкорӣ дар ин самтҳо мебошад. «Мо дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ низ масъалаҳои зиёдеро баррасӣ намудем»,-гуфт муовини якуми Президенти Зимбабве.

Дар анҷом Константино Чивенга изҳор дошт, ки Зимбабве омода аст дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак бо Тоҷикистон ҳамкориро тақвият бахшад. Ин ҳамдигарфаҳмии амиқ байни ду давлатро   инъикос менамояд.

Ёдовар мешавем, ки муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенга барои иштирок дар аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 28, 2025 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд