Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис нахуст дар бораи Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода шунида шуд.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 инъикос ёфтааст, таҳия шудааст.
Тавре зикр гардид, дар стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 масъалаи пешгирии бемории саратон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ эътироф шудааст.
Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он баъди муҳокимаи ҳамаҷониба тасдиқ карда шуд.
Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки иҷрои барномаро таъмин карда, аз натиҷааш ҳар сол маълумот пешниҳод намоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои ба мардум фаҳмонидани сабабу омилҳои гирифторшавӣ ба бемориҳои саратонӣ ва пешгирӣ аз онҳо аз ҳама имкону захираҳо бояд истифода карда шавад.
Сипас, дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Дар маҷлис ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029, Барномаи давлатии рушди санъати муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 ва дар бораи меъёрҳои андози аксиз барои молҳои зераксизӣ, муҳокима карда шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар бораи Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 гуфта шуд, ки он баҳри идомаи минбаъдаи ислоҳоти аграрӣ, ташкили низоми устувор ба тағйирёбии иқлим, рушди иқтисоди сабз, фароҳам овардани шароити мусоиди пешбурди соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ғайра таҳия карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки масъулин аз руи барнома нақшаи амалигардонии онро таҳия ва тасдиқ намоянд. Сохторҳои марбута вазифадор шуданд, ки барои татбиқи барнома чораандешӣ карда, аз натиҷааш муълумот манзур намоянд.
Баъди муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои дастурҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт ва омодагии ҷиддӣ ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру тавсияҳо доданд.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд






