Масъалаи татбиқи лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» баррасӣ гардид

Май 14, 2025 11:46

ДУШАНБЕ, 14.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи татбиқи самараноки ҷузъҳои лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» ва иҷрои тадбирҳои Матритсаи чорабиниҳои лоиҳаи «Тоҷикистони рақобатпазир, фарогир ва устувор» (DPO) 13 май зимни вохӯрии Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо роҳбари ҳайати Бонки ҷаҳонӣ Чарлз Херпи баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин хадамот хабар доданд.

Иброз гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ, ки яке аз шарикони асосии рушди мамлакат маҳсуб мешавад, аҳамияти хоса медиҳад.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои таъмини назорати доимии иҷрои лоиҳаҳои гуфташуда ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷониба муколамаи мунтазамро идома диҳанд.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 14, 2025 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»