МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бодиринг аз витаминҳои C ва K, минералҳои калий, магний ва антиоксидантҳо бой мебошад
ДУШАНБЕ, 09.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бодиринг яке аз сабзавоти табиӣ ва фоиданок мебошад, ки онро ҳам барои ғизо ва ҳам барои зебоӣ истифода бурдан мумкин аст. Бодиринг сабзавоти серистеъмол ва дӯстдоштаи инсон мебошад, ки аксар вақт дар ғизои ҳаррӯза, истифода мешавад. Илова кардани бодиринг ба ғизои ҳаррӯза метавонад на танҳо организмро солим нигоҳ дорад, балки ба саломатии дил, пӯст ва гурдаҳо низ таъсири мусбат расонад.
Дар таркиби бодиринг 95% об мавҷуд аст. Аз ин рӯ он сабаби беҳтар кардани тавозуни об дар организм мегардад. Бодиринг махсусан дар ҳавои гарм барои пешгирии хушкшавии бадан кумак мерасонад.
Бодиринг аз витаминҳои C ва K, минералҳои калий ва магний, инчунин антиоксидантҳо бой мебошад. Ин таркибҳо барои нигоҳ доштани саломатии организм муҳим мебошанд.
Аз сабабе, ки дар таркиби бодиринг калий мавҷуд аст, он барои танзими фишори хун дар организм кумак мерасонад. Бодиринг таъсири натрийро кам карда, ба беҳтар намудани кори дил мусоидат мекунад.
Ҳамчунин бодиринг дорои нахи табиӣ мебошад, ки барои беҳтар кардани ҳозима ва пешгирии қабзият кумак мерасонад. Он барои хориҷ кардани токсинҳо аз организм, беҳтар шудани кори гурдаҳо ва пешгирии сангҳои гурда низ ёрӣ мерасонад.
Бино ба маълумоти табиби ҷаҳоншумули тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, бодиринг таб ва ташнагиро мешиканад, пешобро меронад, меъдаро қувват мебахшад, ҳангоми бемориҳои ҷигар муфид аст. Ба ақидаи Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ, бодиринг ҷисмро тоза ва сард мекунад, барои меъдаи гарм ва илтиҳоби масона муфид аст, шикамро нарм месозад, пешоб ва санги гурдаю масонаро меронад.
Барои шахсоне, ки мехоҳанд вазни зиёдатии худро кам намоянд, истеъмоли зиёди бодиринг тавсия дода мешавад. Зеро он ба зуд пур кардани шикам мусоидат намуда, эҳсоси гуруснагиро кам мекунад.
Ҳамчунин бодиринг барои нигоҳубини пӯст хеле фоиданок аст. Онро ҳамчун ниқоб барои тароват бахшидан ва сабук кардани пӯст истифода мебаранд. Он равғанҳои қабати болоии пӯстро тоза мекунад.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки тухми бодирингро кӯфта, ба варам гузошта банданд, онро беҳтар мекунад. Ҳар рӯз чаҳор грамм тухми бодирингро кӯфта бихӯранд, захми шушро низ шифо мебахшад. Бодирингро пора карда, ба пешонӣ ва сар гузошта банданд, дарди сареро, ки сабаби он истеъмоли моддаҳои гарм бошад, рафъ мекунад.
Оби бодиринг барои равондани доғи кунҷитак ва гармича нафъ дорад. Бо ҷӯшидаи решаи бодиринг зардпарвинро муолиҷа менамоянд. Оби бо асал омехтаи бодиринг давои сурфа аст.
Бодирингро дар шакли хӯриш, шарбат ва ҳамчун ғизои алоҳида истеъмол кардан мумкин аст. Баъди истеъмоли бодиринг нӯшидани оби хунук ё газдор, лимонад ва шир ҷоиз нест.
Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






