Мулоқоту музокироти Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Худи ҳамин рӯз дар доираи сафар мулоқоту музокироти Тоҷикистону Эрон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Музокирот бо мулоқоти хоссаи Қоҳир Расулзода ва Муҳаммадризо Ориф оғоз гардида, баъдан бо иштироки ҳайати васеъ идома ёфт.

Зимни музокирот маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи робитаҳо таъкид намуданд.
Сарвазири мамлакат тавсеаи ҳамкории дучонибаро ба сиёсати созандаи Сарони ҳар ду давлат марбут дониста, тавсеаи робитаҳоро дар соҳаҳои иқтисод, саноат, энергетика, сармоягузорӣ, тандурустӣ ва илму маориф барои ҳарду ҷониб муҳим арзёбӣ намуд.


Муҳаммадризо Ориф нақши Тоҷикистонро дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим дар олам намуна арзёбӣ карда, баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро барои пешгирии обшавии босуръати ин сарватҳои табиат ва беҳбудии ҳаёти башарият муҳиму саривақтӣ номид.
Истифодаи пурраи зарфиятҳои мавҷуда барои рушди робитаҳо, татбиқи ҳамаҷонибаи Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030, тақвияти фаъолияти Комиссияҳои байниҳукуматӣ, Шуро ва Кумитаи муштараки соҳибкорию сармоягузорӣ муҳим арзёбӣ карда шуд.

Дар идома Баёнияи муштарак байни Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф ба имзо расид.


Ҳамчунин аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокирот 4 санади дигари ҳамкорӣ, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум дар бораи иҷрои тарҳи таъсиси Маркази фанноварии Эрону Тоҷикистон байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони тавсеаи ҳамкории илмӣ ва фановаронаи байналмилалии Муовинати илмӣ, фановарӣ ва иқтисоди донишбунёди Раис Ҷумҳурии Исломии Эрон, Қарордоди иловагӣ №2 ба Созишнома оид ба хариди неруи барқ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» ва Мудиромили ширкати пружаи садд ва неругоҳи «Сангтӯда Сангоб», Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи «Кор ва таъмини иҷтимоӣ»-и Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ёддошти тафоҳум бо роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ҳаракати вагонҳои эронӣ дар шабакаи Роҳи оҳани Тоҷикистон байни Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон табодул карда шуд.
Дар фарҷом бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари расмӣ ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф 30 май дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштирок менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»















Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






