Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо ёрдамчии Дабири кулли ЮНЕСКО Лидия Артур Брито мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мулоқоти муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ бо ёрдамчии Дабири кулли ЮНЕСКО Лидия Артур Брито баргузор гардид.
Зимни мулоқот муовини Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки аз ҷониби ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ — ЮНЕСКО ҷонибдорӣ ёфтани ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мояи ифтихор ва рамзи ҳамкории муваффақи дуҷониба мебошад.
Иброз гардид, ки солҳои охир пешниҳоди як қатор номинатсияҳои фарҳангии миллӣ ба феҳристи ЮНЕСКО — аз ҷумла «Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли матоъҳои атласу адрас», «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ва «Ҷашни Сада» — шаҳодати таваҷҷуҳи афзояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба фарҳанги ғании тоҷикон мебошад.
«Айни замон дар феҳристи муқаддамотии ЮНЕСКО 15 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳулбук – пойтахти Хутали Қадим, ёдгориҳои Шоҳроҳи Абрешим, Қаторкӯҳҳои Фон, Мамнуъгоҳи Кусавлисай, Мамнуъгоҳи Дашти Ҷум, Мамнуъгоҳи Зоркӯл, Мақбараи Амир Ҳамза Ҳасти Подшоҳ, Шаҳркадаи қадимии Тахти Сангин, Шаҳри қадимии Байтудашт IV, Мақбараи Хоҷа Машҳад, Маъбади буддоии Аҷина-Теппа, Мақбараи Хоҷа Нашрон, Шаҳри қадимии Панҷакент, Мақбараи Муҳаммад Башоро ва Шаҳри қадимии Шаҳристон (Қаҳқаҳа) шомил мебошанд», — изҳор карда шуд дар мулоқот.
Муовини Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки ворид шудани номинатсияҳои миллӣ ба феҳристҳои ЮНЕСКО ба Тоҷикистон имконият медиҳад, ки фарҳанги миллиро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, унсурҳои беназири онро беҳтар ҳифз намояд ва ба рушди сайёҳӣ мусоидат кунад.
АКС: АМИТ «Ховар»










Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






