Намояндагони Кумитаи андози Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратӣ дар Пекин иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 01.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24-26 апрел намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷаласаи машваратии соҳавӣ иштирок намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи андоз хабар медиҳад, ки ҷаласаи машваратӣ ҷиҳати омодагии сатҳи баланд ба баргузории Форуми роҳбарони мақомоти андози Механизми ҳамкорӣ дар соҳаи андоз дар доираи ташаббуси «Як камарбанд-як роҳ» (BRITACOM- BRITACOF) баргузор гардид.
Дар ҷаласаи машваратӣ масъалаҳои ташкили фаъолияти гурӯҳҳои кории Нақшаи амал барои солҳои 2025-2027, омодагӣ ба Форуми 6-уми роҳбарони мақомоти андози Механизми ҳамкорӣ дар соҳаи андоз дар доираи ташаббуси “Як камарбанд-як роҳ” ва таҳияи нақшаи кори инноватсионӣ барои панҷ соли оянда муҳокима шуданд. Аз рӯйи натиҷаи он қарорҳои дахлдор, аз ҷумла барномаи кории Форуми навбатӣ тасдиқ карда шуд, ки моҳи сентябри соли 2025 дар Непал баргузор мегардад.
Муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода дар ҷаласа оид ба рушди маъмурикунонии андоз ва рақамикунонии соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуд.
Инчунин дар ҳошияи ҷаласаи машваратӣ вохӯрии Аюбҷон Солеҳзода бо муовини Комиссари маъмурияти давлатии андози Ҷумҳурии Мардумии Чин Ванг Даошу баргузор шуд. Дар вохӯрӣ оид ба нақши сармоягузории Чин дар иқтисодиёти Тоҷикистон ва ҳамкории Кумитаи андоз бо мақомоти андози Чин табодули афкор карда шуд
АКС: Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






