Намояндаи ширкати «Niko»-и шаҳри Пекин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуд
ДУШАНБЕ, 01.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел намояндаи ширкати «Niko»-и шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Пинг Хуей, намояндагони ширкати истеҳсоли панелҳои офтобӣ Пау Пинг ва хонум Чинг Ёнг бо фаъолият ва имконоти маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин минтақа иттилоъ доданд.
Роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Муҳаммад Муҳаммадзода ба меҳмонон доир ба афзалият ва бартариҳои ин минтақаи иқтисодӣ, ҳамчунин субъектҳое, ки сармоягузориашон пурра ва ё қисман аз ҳисоби соҳибкорони чинӣ дар ин минтақа таъсис дода шудааст, маълумот дод.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти корхонаҳояшон гуфтугӯ намуданд.
Пинг Хуей дар бораи лоиҳааш, ки ба истеҳсоли мошинҳои борбардор равона гардидааст, маълумот дода, дар оянда иқдоми субъекти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шудани онро иброз намуд.
АКС: Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






