Намояндаи ширкати «Niko»-и шаҳри Пекин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуд

Май 1, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 01.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел намояндаи ширкати «Niko»-и шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Пинг Хуей, намояндагони ширкати истеҳсоли панелҳои офтобӣ Пау Пинг ва хонум Чинг Ёнг бо фаъолият ва имконоти маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин минтақа  иттилоъ доданд.

Роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Муҳаммад Муҳаммадзода ба меҳмонон доир ба афзалият ва бартариҳои ин минтақаи иқтисодӣ, ҳамчунин субъектҳое, ки сармоягузориашон пурра ва ё қисман аз ҳисоби соҳибкорони чинӣ дар ин минтақа таъсис дода шудааст, маълумот дод.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти корхонаҳояшон гуфтугӯ намуданд.

Пинг Хуей дар бораи лоиҳааш, ки ба истеҳсоли мошинҳои борбардор равона гардидааст, маълумот дода, дар оянда иқдоми субъекти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шудани онро иброз намуд.

АКС: Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»

Май 1, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид