«НИДОИ ЛОЗУР». Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо ҳунарҳои миллии тоҷикон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 29.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар саҳни майдони шаршараи назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт намоишгоҳи ҳунарҳои миллӣ, маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва ҳунармандӣ пешниҳоди иштирокдорон ва меҳмонони ин конфронс гардонида шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар ин намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандон, аз ҷумла гулдӯзӣ, попурдӯзӣ, зардӯзӣ, ҷомаву тоқидӯзӣ, заргарӣ, сабадбофӣ, кулолгарӣ, гаҳворасозӣ, маҳсулоти чӯбӣ, маҳсулоти нонӣ ва таомҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар ин намоиш ҳамчунин ҳунарҳои мардумӣ ва ҳунарҳои ороишӣ-амалии ҳунармандони тоҷик: аз қолинбофӣ то заргарӣ пешниҳод гардиданд.
Баъд аз тамошои намоишгоҳ барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Нидои лозур» пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд. Дар барнома суруду оҳанг ва рақсҳои тоҷикӣ дар иҷрои ҳунармандони варзида иҷро гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки аз имрӯз то 31 май дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад. Дар он 2500 намоянда аз 80 давлати хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ иштирок менамоянд.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»























Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад






