Нигина Анварӣ: «Тағйирёбии иқлим боиси коҳиши заминҳои ҳосилхез ва паст шудани маҳсулнокии зироат мегардад»
ДУШАНБЕ, 29.05.025. /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи кишоварзӣ дар иқтисоди ҷумҳурӣ нақши калидӣ дорад – он чоряки ҳиссаи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил менамояд. Тағйирёбии иқлим боиси коҳиши заминҳои ҳосилхез, таназзули хок ва паст шудани маҳсулнокии зироат мегардад. Яъне, бориши борон кам шуда, он ба баланд шудани ҳарорати миёнаи солона, паҳншавии зараррасонҳо ва бемориҳои растаниҳо мусоидат менамояд. Ин матлабро имрӯз зимни Форуми кишоварзӣ дар замони талафоти (обшавии) пиряхҳо: мубориза бо хушксолӣ, обхезӣ тавассути истихроҷи карбон ва устуворӣ дар минтақаҳои вобаста ба пиряхҳо муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ баён намуд.
Нигина Анварӣ иброз дошт, ки «имрӯз мо ҷамъ омадаем, то яке аз муҳимтарин мушкилоти замони муосир–таъсири обшавии пиряхҳо ба амнияти озуқаворӣ ва таҳияи стратегияҳои самараноки мубориза бо хушксолӣ ва обхезиҳоро баррасӣ намоем. Муҳим он аст, ки на танҳо таъсири манфии онро коҳиш диҳем, балки равишҳои инноватсиониро низ амалӣ намоем».
Нигина Анварӣ афзуд, ки тақрибан 6 фоизи қаламрави мамлакат бо пиряхҳо пӯшида шудааст. Ин тағйирот метавонад ба захираҳои обӣ, гуногунии биологӣ ва шароити зиндагии аҳолӣ таъсири амиқ гузорад. «Обшавии пиряхҳо низоми гидрологии мамлакатро тағйир дода, хатари хушксолӣ ва обхезиро афзоиш медиҳад, ки ин ҳолат татбиқи фаврии тадбирҳои мутобиқсозиро талаб менамояд»,-гуфт ӯ.
Иброз гардид, ки бо ақибнишинии пиряхҳо ва коҳиши қабати барф интизор меравад, ки дастрасии об боз ҳам мушкилтар гардад ва рақобат барои захираҳои об афзоиш ёбад. Ин метавонад ба ҷомеаҳое, ки ба оби пиряхҳо вобастагӣ доранд, таъсир расонад.
«Тағйирёбии иқлим ин осебпазириро боз ҳам шадидтар мегардонад: тағйирёбии суръати обшавии пиряхҳо ва барф ба вақт ва ҳаҷми маҷрои об таъсир расонида, дастрасии обро барои кишоварзӣ ҳам дар баландкӯҳҳо ва ҳам пастиҳо коҳиш медиҳад», — иброз намуд Нигина Анварӣ.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид






