Оид ба ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 май дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши илмӣ – амалии байналмилалӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЕ) иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар бораи ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон ибрози андеша намуд. Таъкид гардид, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 -Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар тамоми давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидааст. Барои дар амал татбиқ намудани пешниҳоди навбатӣ мо олимони академия вазифадорем, ки тамоми паҳлуҳои ин мавзуъро омӯзиш гузаронида, дар ин самт натиҷаҳои дилхоҳ ба даст орем.
Дар ин силсилаи ташаббусҳо Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025, ки бо шарофати дипломатияи фаъоли Президенти Тоҷикистон имконпазир гардид, ҷои махсусро ишғол менамояд. Қатъномаи дахлдорро Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 2022 якдилона қабул намуд. 21 март низ расман Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон шудааст, ки ҳамасола ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти ҳифзи ин экосистемаҳои осебпазир ҳамчун манбаи асосии оби тозаро хотиррасон мекунад.
Дар ҳошияи иҷрои ин иқдом аз 29 то 31 майи соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад. Яке аз ҳадафҳои конфронс таҳияи асноди стратегӣ, харитаи роҳ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо мебошад.
«Ҳамкории мо намунаи муҳими ҳамкории самарабахши байналмилалӣ барои рушди устувор, пешрафти илм ва ҳифзи муҳити зист мебошад. Бигзор ин шарикӣ таҳким ва густариш ёбад ва ҳифзи ин экосистемаҳои ноустувор, вале ҳаётан муҳимро барои наслҳои ҳозира ва оянда таъмин намояд»,-гуфт Қобилҷон Хушвахтзода.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






