Оила — ҷоест, ки дар он ҳама аъзои хонавода эҳсоси оромиш, амният ва ишқ намоянд. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила

Май 14, 2025 11:14

ДУШАНБЕ, 14.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Телефонҳои мобилӣ ва компутерҳоямонро ба як сӯ гузоштан, дар гирди як дастархон хӯрок хӯрдан, вақт ҷудо намуда,  ба берун баромадан, аз ҳамдигар ҳимоя намудан, ба дигарон эҳтиром гузоштан, хонаи худро обод кардан ва ба дигарон кумак расонидан омилҳои оилаи хушбахте мебошанд, ки  гузаштагони мо аз он истифода мебурданд. Чунин нигоштааст дар мақолааш раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Муҷибахон Ҷавҳарӣ.

Қаблан аҳлию ягонагии аҳли хонавода муҳимтарин нишонаи оилаи солим ба ҳисоб мерафт, суҳбатҳои сари як пиёла чой ё гирди сандалӣ аз садҳо соатҳои тарбиявӣ авлотар буданд. Вале имрӯз бо таъсири манфии раванди ҷаҳонишавӣ бархе анъанаҳо ва фарҳанги миллии мо аз байн мераванд. Ба ҷойи суҳбату насиҳатҳо телевизион ва сомонаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, Инстаграм ва Телеграму Твитер воситаи таъсиррасонӣ ба рафтори аҳли хонавода шудаанд. Телевизион ва сомонаҳои иҷтимоӣ барои ҷомеаи мо муҳимтарин аъзои оила гаштаанд, зеро аз фарзанд дида, мо ба телевизион ва сомонаҳои иҷтимоӣ зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир менамоем. Соатҳои дароз аҳли хонадони мо вақти хешро ба тамошои барномаҳои дилхушкунанда ва гоҳе бемаънӣ сарф менамоянд. Ба ҷойи тарбияи фарзанд ё нигоҳубини волидон ё камтар бо аҳли хонавода иртибот намудан вақти зиёди худро бо дӯстони маҷозии худ мегузаронанд. Ин на танҳо сифати иртиботи воқеиро фурӯ менишонад, балки боиси коҳиши арзишҳои ахлоқӣ ва воқеиятгароӣ гашта, сабаби густариш пайдо намудани арзишҳои маҷозӣ мегардад.

Тамоми уҳдадориҳое, ки давлат дар самти ҳимоя ва дастгирии оила ба зимма гирифтааст, бевосита аз муқаррароти моддаи 25 Эъломияи ҳуқуқи башар бармеоянд. Пас аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мустаҳкам гардидани оилаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Давлат барои беҳтар намудани шароити оилаҳо ва ҳифзи манфиатҳои модару кӯдак ғамхорӣ менамояд. Барои омода кардани ҷавонон барои оиладорӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрию суҳбатҳо вобаста ба бунёди оилаи солиму устувор, тарбияи фарзандони солеҳ, таълиму тарбияи наслҳои имрӯзу оянда дар руҳияи ватандӯстӣ, пойдорию устувории Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, оилаи солиму фарзандони солеҳро асоси давлату миллати устувори солим арзёбӣ менамоянд.

Дар мамлакати мо дар асоси сабти никоҳ, ки дар идораҳои давлатии Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта мешавад, ҷавонон бо хоҳиши тарафайн оила бунёд мекунанд. Хушбахтии оила маҳз аз ҳамин паймони дуҷониба сарчашма мегирад.

Ақди никоҳ дар шариати ислом як намуд созишнома аст. Қуръони карим се нукта -оромиш, муҳаббат ва дилсӯзиро дар зиндагии зану шавҳар яке аз муҳимтарин ҳадафҳои бунёд намудани оилаҳои ҷавон ҳисобидааст. Агар дар оила назм ва қоидаҳо муҳайё бошанд, амнияту оромиш ва эътимод барои аъзои ячейкаи хурди ҷамъият ҳукмфармо мегардад. Аъзои оила падару модар ва фарзандон мебошанд. Солимии руҳию ҷисмии аъзои оила солимии ҷомеаи моро муайян менамояд. Оилаҳои як авлод масъуду бахтиёр набошанд, он қавмро хушбахт гуфтан хато аст.

Ҳол он ки барои доштани оилаи хушбахт, пеш аз ҳама, волидон масъуланд. Оилаи хушбахт чист? Ҷое, ки дар он ҳама аъзои хонавода эҳсоси оромиш, амният ва ишқ намоянд.

Барои доштани хонаводаи хушбахт бояд ҳар аъзои хонавода бар иртиботи мусбат, яъне муносибати меҳрубонона, дилсӯзона ва ғамхорона фаро гирифта шавад. Ба ниёзҳои ҳар фарди оила таваҷҷуҳи вижа дода шавад, чун ниёзҳои аъзои оила нисбат ба синну сол ва ҷинсият тафовут доранд. Дар оила бояд фазои самимӣ эҷод карда шавад, то дар он аъзои хонавода ба якдигар аҳамият диҳанд, шунавандаи хубе бошанд ва ба лаҳзаҳои лаззатбахш, ба монанди бозӣ, гуфтугӯ ё фаъолияти сода вақт ёбанд, зеро ин амалҳои ба назар сода аз аҳамияти вижае бархӯрдор ҳастанд.

Мутафаккире фармудааст: «Барои бунёди оила кофист, ки дӯст бидорӣ. Аммо барои ҳифз ва нигоҳ доштани он бояд таҳаммул кардан ва бахшиданро биомӯзӣ». Имрӯз ҷавонони мо дӯст дошта метавонанд ва дар ин асос оила бунёд мекунанд, вале бо бахшидан ва таҳаммул кардан ҳанӯз ошно нестанд. Омили асосии парокандашавии оилаҳои ҷавон ҳам маҳз таҳаммул накардан ва бахшида натавонистан аст.

Дар замони муосир оилаҳо зиёд пош мехӯранд, ки ин бар зарари фарзандон мешавад. Ҷудо шудани зану шавҳар зарбаи руҳии бисёр сахт аст, ки боиси нақзи равонии кӯдакон мешавад. Ин ба зиндагии минбаъдаи фарзандон садамаи зиёд мерасонад.

Кӯдаке, ки падару модараш аз ҳам ҷудо шудаанд, на меҳри модарӣ мебинаду на ҳимояи падарӣ ва на дар муҳити гарм парвариш меёбад. Баъди ҷудошавӣ зан ба шавҳар мебарояд ё барои дарёфти рӯзӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад ва фарзандаш бе назорат мемонад.

Кӯдаконе, ки беназорат мемонанд ва бе лутфу меҳри падар ва дилсӯзиву таваҷҷуҳи модар калон мешаванд, чӣ касе ба воя хоҳанд расид?

Дар самти ҳимояи иҷтимоии фарзандони оилаҳое, ки пош хӯрдаанд, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бетараф нест. Таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба ятимон, бепарасторон ва оилаҳои камбизоат яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳукумат мебошад ва дар ин самт як силсила тадбирҳои муассир амалӣ карда шудаанд. Ҳанӯз дар замони душвори солҳои навадуми асри гузашта Ҳукумати Тоҷикистон барои кӯдакони оилаҳои камбизоат ва ятимону бепарасторон мактаб-интернатҳо таъсис дода буд, ки имрӯз шумораи онҳо ба маротиб афзудааст. Илова бар ин, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар боби махсус мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шудаанд, ки ҳангоми аз ҷониби падару модар иҷро нагардидани уҳдадориҳо дар таълиму тарбияи фарзанд бо сабабҳои норасоии маблағ барои нигоҳубини фарзанди ноболиғи онҳо кумак намоянд. Вале ҳеҷ чиз муҳаббати волидонро иваз карда наметавонад. Ҳеҷ кас ба мисли кӯдак ба ишқ, муҳаббат, навозиш ва таваҷҷуҳ ниёз надорад.

Дар айёми пуртазоди зиндагӣ насли калони ҷомеа муваззаф ҳастанд, ки ба ҷавонон анъанаҳои миллию сунатии худро дар бобати оиладорӣ шарҳ диҳанд. Онҳоро ба зиндагӣ тайёр  намоянд, то дар оянда дучори мушкилиҳои пошхӯрии хонаводаҳо нагарданд. Бо фарҳангу маърифати болои оиладорӣ зиндагии орому амн дошта бошанд ва саодату иззати миллати тоҷикро ба таври устувор ҳифз намоянд.

Дар ин замина бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба танзим даровардани муносибатҳои оилавӣ якчанд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва барномаҳо, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амал менамоянд.

Муҷибахон ҶАВҲАРӢ,
раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ
оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ

Май 14, 2025 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе Форуми «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» баргузор мегардад
Дар Шанхай вохӯрии роҳбарони сохторҳои минтақавӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи минтақаҳои наздимарзии давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» ҷамъбаст гардид
Нахустин маротиба дар Тоҷикистон амалиёти ҷарроҳӣ бе буриш аз даҳон гузаронида шуд
Дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд
Дар Тоҷикистон оид ба дарки коррупсия таҳқиқоти маҷмуии сотсиологӣ анҷом дода шуд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон ба маконҳои сайёҳии вилояти Хатлон бештар мегардад
Дар «Боғи Ирам» Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» доир мегардад
Аввалин таҳқиқоти Маркази яхшиносии Тоҷикистон оид ба тавозуни зимистона гузаронида шуд
Масъалаи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ гардид
«Корвони саломатӣ». Ба сокинони деҳоти дурдасти вилояти Суғд хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд