Падару модарон уҳдадоранд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак иҷро намоянд

Май 18, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 18.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе амали нодурусти як гурӯҳ хонандагони синфҳои 11-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-и ноҳияи Синоро, ки ба шаҳри Норак рафта, ба истеъмоли чилим (калян) ва бозии компютерӣ машғул шудаанд, ошкор намуд.

Тавре аз  Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, гурӯҳи хонандагон амалҳои худро ба навор гирифта, бо мақсади худнамоӣ дар шабакаҳои интернетӣ нашр намудаанд. Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба волидайни ноболиғон маводи зарурӣ тартиб дода шуда, барои минбаъд такрор нашудани чунин амал огоҳӣ дода шуд.

Ҳамчунин 6 майи соли равон ду гурӯҳ хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №86-и ноҳияи Сино аз рӯи нофаҳмиҳои лафзӣ дар назди ин муассисаи таълимӣ ҷамъ омада, мехостанд бо ҳамдигар муноқиша намоянд. Кормандони милитсия ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятиро муайян намуданд.

Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба волидайни 5 ноболиғ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

Дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» амал менамояд. Дар ҳар боб ва моддаҳои ин қонун оид ба амали қонун, сиёсати давлатӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва ваколатҳои он, комиссияҳои ҷамъиятӣ ва вазифаҳои онҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар, ҳуқуқу уҳдадориҳои муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгор, пешгирии ҳуқуқвайронкориҳо ва ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонун маълумот оварда шудааст.

Дар ин замина омӯзгорон ва волидайнро зарур аст, ки хонандагонро ба машғулшавӣ ба варзиш, бурдани тарзи ҳаёти солим, донишомӯзию хониши намунавӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан ва дурӣ ҷустан аз ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ ҷалб намоянд.

Ин қонун на танҳо ба манфиати кӯдак, балки ба манфиати падар, модар, ҷомеа ва дар ниҳоят барои рушди давлату пойдории миллат равона шудааст.

Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки шумораи наврасону ҷавононе, ки ҳуқуқҳоро вайрон мекунанд, зиёд мегардад.

Соли 2024 аз ҷониби ноболиғон 665 ва аз тарафи ҷавонон 3194 ҷиноят ба қайд гирифта шуд. Нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон  тибқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 ҳазору 236 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд, ки нисбат ба соли 2023 (13991 адад ) 14 ҳазору 245 адад зиёд мебошад.

Дар моддаи 15-и ҳамин қонун гуфта шудааст, ки падару модар дар таълими кӯдак уҳдадориҳои зеринро доранд:

1) таълим гирифтани кӯдакро таъмин намоянд;

2) барои гирифтани таълиму тарбияи томактабии кӯдак тадбирҳо андешанд;

3) ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии кӯдак монеъ нашаванд;

4) кӯдакро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими ӯ шароит муҳайё намоянд;

5) риояи пӯшидани либосҳои дахлдори муассисаи таълимиро аз ҷониби кӯдак дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат карда, ба шакли зоҳирӣ ва санитарию беҳдошти ӯ диққат дода, бе зарурати тиббӣ барои пешгирии тағйири сунъии намуди зоҳирӣ, аз ҷумла холкӯбӣ тадбир андешанд;

6) ба кӯдаки дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва руҳӣ барои таҳсил кардан ва касбу ҳунар омӯхтан шароит муҳайё намоянд;

7) донишомӯзӣ ва иштироки кӯдакро дар раванди таълим назорат карда, бо маъмурияти муассисаи таълимӣ, омӯзгорон ва кормандони дигари соҳаи маориф оид ба таълими кӯдак мунтазам ҳамкорӣ намоянд;

8) ба омӯзиши забони давлатӣ, инчунин забонҳои хориҷӣ мусоидат намоянд;

9) дар ҷаласаҳои падару модар ва чорабиниҳои дигари муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намоянд;

10) талаботи дахлдори қоидаву тартибот ва санадҳои дохилии муассисаи таълимиро, ки кӯдак дар он таълим мегирад, риоя намоянд;

11) дар ҷашну маросим ва таҷлили зодрӯзи кормандони муассисаҳои таълимӣ пешниҳоди туҳфаҳои молию пулиро аз ҷониби кӯдак манъ намоянд;

12) ҳама гуна пардохти маблағро аз ҷониби кӯдак ба кормандони муассисаҳои таълимӣ иҷозат надиҳанд;

13) ба гирифтани таълими ғайриқонунӣ, аз ҷумла таълими ғайриқонунии динӣ аз ҷониби кӯдак роҳ надиҳанд;

14) таълими динии кӯдакро дар хориҷи мамлакат бе розигии хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ иҷозат надиҳанд;

15) уҳдадориҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таълими кӯдак муқаррар намудааст, иҷро намоянд.

Ҳамчунин тибқи моддаи 16-и ин қонун падару модар уҳдадоранд, ки   кӯдакро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, волоияти қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, эҳтиром ба шахсияти худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва халқҳои дигар, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд, ба марказҳои дилхушӣ рафтани кӯдакро манъ намуда, ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахттаъсир ва мадҳушкунандаи дигар, асбобу ашёи манъшуда ва халандаву бурандаро, ба истиснои асбобу ашёи таълимӣ манъ намоянд, инчунин ба гирифта гаштани онҳо роҳ надиҳанд.

Ҷомеашиносон иброз медоранд, ки  таълиму тарбия равандест, ки бояд дар якҷоягӣ амалӣ шавад ва он фосиларо намепазирад. Он пайваста ва зина ба зина амалӣ мегардад. Воқеаҳои замони муосир бори дигар исботи онанд, ки сари вақт таълиму тарбияи дуруст надодан ба фарзандон, инкишоф надодани тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо оқибати ногувор ба бор меорад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Май 18, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ГУЗАРГОҲИ САЙЁҲОН». Таъсиси мағозаи армуғонҳо дар Левакант барои муаррифии ҳунари тоҷикон иқдоми саривақтӣ аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Вақти беҳтарин барои истеъмоли харбуза байни ду таом аст
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Ба ин муносибат дар Осорхонаи миллӣ 30 барномаи гуногуни фарҳангӣ пешниҳод мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли шафтолу барои бемориҳои тарбод, гурда, рагу дил, ҷигар ва талхадон муфид аст
Тоҷикистон чун давлати дорои захираҳои бузурги об ва пирях дар масъалаи ҳифзи обу пиряхҳо нақши муҳим дорад
Барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» Саидвалӣ Тоиров: «Шиори мо дар зиндагӣ намунаи ибрат будан аст»
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Волидайн ва масъулин барои бофароғат ва самаранок гузаронидани он чӣ гуна омодагӣ мебинанд?
Дар мавзуи мубориза бо коррупсия барои ҷавонон дарси кушоди омӯзишӣ баргузор гардид
Гурӯҳи кории Хадамоти иҷро бо фаъолият ва шароити кории иҷрочиёни шаҳру ноҳияҳои Суғд шинос гардид
Тоҷикистон ба ҳайати Комиссияи панаврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба масъалаҳои иқлим ва тандурустӣ дохил шуд
Оилаи Саидвалӣ Тоиров аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни «Оилаи беҳтарин» гардид
Нақши осорхонаҳои таърихӣ дар тарбияи ватандӯстии насли наврас чӣ гуна аст?