Пешвои миллат: «Давлатҳо ва созмонҳои байлналмилалиро зарур аст барои ҳифзи пиряхҳо саҳми молиявии бештар гузоранд»
ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон давоми бист соли охир рӯзномаи об ва иқлимро дар арсаи байналмилалӣ фаъолона пешбарӣ намуда, ҳамзамон бо ин зарурати вокуниши фаврию муштаракро барои ҳифзи пиряхҳо таъкид менамояд. Бо назардошти аҳаммияти ин масъала бо ибтикори Тоҷикистон дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардида, дар назди Созмони Милали Муттаҳид Бунёди эътимоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар «Кохи Сомон».
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки давлатҳо ва созмонҳои байлналмилалию минтақавиро зарур аст бо мақсади таъмини фаъолияти босамари ин Бунёд саҳми молиявии бештар гузоранд.
«Боварӣ дорам, ки ҷонибдорӣ аз ин қатънома дар пешбурди мавзуи обу иқлим, махсусан татбиқи босамари ҳадафҳои пешбинишуда саҳми назаррас хоҳад гузошт», — баён доштанд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Пешвои миллат ҳамчунин иброз намуданд, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса моҳи августи соли гузашта аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома оид ба эълон кардани солҳои 2025-2034 «Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ» якдилона қабул гардид. Дар ин замина пешниҳод намуданд, ки шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалӣ барои ҳалли ин мушкилот бо мо ҳамкории судманд намоянд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






