Президенти Тоҷикистон: «Обшавии босуръати пиряхҳо ба истеҳсоли неруи барқи тоза таъсири манфӣ мерасонад»
ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Обшавии босуръати пиряхҳо раванди таъминоти обро халалдор карда, ба амнияти озуқаворӣ таҳдид ва ба истеҳсоли неруи барқи тоза таъсири манфӣ мерасонад. Ин раванд дар аксари ҳолатҳо хатарҳои зиёд эҷод намуда, нобаробарии иқтисодӣ ва осебпазирии аҳолиро меафзояд. Чунин изҳори нигаронӣ намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе.
Ба таъкиди Сарвари давлат, бахусус дар минтақаҳои кӯҳистон раванди обшавии босуръати пиряхҳо боиси обхезӣ, омадани сел ва фаромадани ярч гардида, ба инфрасохтор зарари калон мерасонад.
«Мехоҳам ба таври возеҳ иброз намоям, ки ҳифзи пиряхҳо танҳо мушкилоти кишварҳои дорои пиряхҳо нест, балки буҳрони глобалии қобили таваҷҷуҳи фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои бузургтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ имрӯз бо ин буҳрон дучор шудааст. Талафоти пиряхҳо на танҳо ба мероси табиии мо, балки ба ҳаёти миллионҳо нафар дар минтақа таҳдид менамояд»,-иброз доштанд Пешвои миллат.
Иттилоъ дода шуд, ки дар мамлакати мо барои омӯзиши пиряхҳо сохторҳои зарурӣ фаъолият доранд. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки имконияти фаннию техникии мо мисли даҳҳо кишварҳои дигари дорои пиряхҳо маҳдуд мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки бо мақсади мониторинги фарогири пиряхҳо, инчунин барномарезӣ ва татбиқи чораҳои таъхирнопазир барои ҳифзи пиряхҳо мо бояд ҳамкории муассирро бо ҳамаи шарикон густариш диҳем. Дар ин замина Пешвои миллат ҳамчунин навовариҳои зеҳнӣ ва кумакҳои молию техникиро зарур шумориданд.
АКС аз Дидор Саъдуллоев








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ. Аз соли 1940 то соли 2017 — дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ПОЯИ АДОЛАТ. Дар робита ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Қабули ин қатънома қадами устувор дар масири мутобиқнамоии ноҳияҳои кӯҳсор ба гармшавии глобалии иқлим аст
Соли 2028 Душанбе мизбони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об мегардад
Президенти Тоҷикистон соли 2025-ро соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ номиданд






