Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоуро ба ҳузур пазируфтанд

Май 28, 2025 15:39

ДУШАНБЕ, 28.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоуро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили роҳандозӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистону Гамбия баррасӣ шуд.

Густариши робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ муҳим дониста шуд.

Ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангӣ, илмӣ, таҳсилотӣ ва сайёҳӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Рушди ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар, аз ҷумла таъсис додани гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ амри зарурӣ арзёбӣ шуд.

Муборизаи бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла масоили муқовимат бо пасомадҳои тағйирёбии иқлим, аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.

Ҳамчунин, доир ба мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи минтақавию ҷаҳонӣ табодули афкор сурат гирифт.

Мулоқот бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоу 28.05.2025

Май 28, 2025 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд