Раиси Маҷлиси намояндагон бо роҳбарони ҳайатҳои Форуми «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» мулоқот намуд

Май 29, 2025 09:42

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 май Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо роҳбарони ҳайатҳои Форуми «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки форум минбари муҳимме аст, ки неру, тавонмандӣ ва нақши воқеии созандаи занонро  дар таъмини суботи ҷомеа нишон медиҳад.  Маҳз садоқату эътимод ва боварии занон ба ояндаи нек ва сулҳ форумро боз ҳам оммавию муваффақ гардонидааст.

Дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои обу иқлим нақши пешбарандаи мамлакати моро дар сатҳи байналмилалӣ ифода менамояд.

Давоми чанд даҳсолаи охир дар минтақаи мо беш аз ҳазор пирях комилан об шудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2025 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардид.  Ин Қатънома барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи глобалӣ дар бораи об заминаи хуб  мегузорад.

  АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 29, 2025 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд