Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Марокаш нусхаи эътимоднома супорид

Май 1, 2025 11:21

ДУШАНБЕ, 01.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Марокаш (бо қароргоҳ дар ш. Қоҳира) Парвиз Мирзозода дар шаҳри Работ ба Вазири корҳои хориҷӣ, ҳамкории африқоӣ ва марокашиҳои бурунмарзии Шоҳигарии Марокаш Носир Бурита нусхаи эътимодномаашро супорид.

 Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Парвиз Мирзозода ва Носир Бурита масоили муҳимми муносибатҳои Тоҷикистону Марокашро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба дурнамои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ,  гуманитарӣ ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 1, 2025 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид