«Саноатсодиротбонк» бо Бонки содиротию воридотии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 21.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Байни Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ва Бонки содиротию воридотии Арабистони Саудӣ (Saudi Exim) Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тавре аз Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки исломии рушд вохӯрии Раиси Раёсати Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшоҳ Бобозода бо муовини раиси Бонки содиротию воридотии Арабистони Саудӣ (Saudi Exim) Наиф аш-Шаммарӣ баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба маблағгузории содиротӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҳамзамон мубодилаи иттилоот оид ба амалияҳои беҳтарини фаъолияти бонкӣ ва табодули таҷриба байни кормандони ду ниҳод мубодилаи афкор намуданд.
Баимзорасонии ин санад фаъолияти иқтисодии хориҷии бонкро боз ҳам густариш дода, дар пешниҳоди маҳсулоти нав ва хизматрасонии босифат ба мизоҷон саҳми арзанда мегузорад.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»








Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






