Сардорони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Эрон таҳкими ҳамкории гумрукиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои мубрами рушди ҳамкории дуҷонибаи гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва Сардори мақомоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон Форуд Асғарӣ дар Теҳрон дар ҳошияи ҷаласаи 10-уми Шурои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Хуршед Каримзода нақши муҳими Созмони ҳамкории иқтисодиро дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ, бахусус дар соҳаҳои гумрук, тиҷорат ва нақлиёт муҳим арзёбӣ намуд.
Ҷонибҳо аҳамияти махсуси ҳамоҳангсозии маълумоти оморӣ, рақамикунонии расмиёти гумрукӣ ва мубориза бо қочоқро таъкид намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро барои такмили Протокол дар бораи мубодилаи иттилооти гумрукӣ ва рушди ҳамкории техникӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон баён намуд.
Форуд Асғарӣ изҳор намуд, ки ҷониби Эрон омода аст мушкилоти мавҷударо ҳамаҷониба баррасӣ намуда, роҳи ҳалли онҳоро дар муҳлатҳои кӯтоҳ муайян намояд.
Ҷонибҳо итминон доранд, ки ин мулоқот ба таҳкими робитаҳои гумрукӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон мусоидат менамояд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид






