Шабакаи ҷавонон оид ба захираҳои об ва иқлим таъсис дода шуд

Май 26, 2025 13:48

ДУШАНБЕ, 26.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабакаи ҷавонон оид ба захираҳои об ва иқлим таъсис дода шудааст, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин Кумита.

Ҳадафи ин шабака муттаҳид намудани ҷавонони фаъоле мебошад, ки ба ҳалли мушкилоти экологӣ ва иқлимӣ, бахусус идоракунии устувори об ва ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳ доранд.

Шабака ташаббусҳои ҷавонон, аз ҷумла лоиҳаҳои таълимӣ ва илмиро амалӣ менамояд ва дар платформаҳои миллӣ ва байналмилалӣ бахшида ба дипломатияи об ва иқлим иштирок мекунад. Он ба сифати платформаи табодули дониш, амалҳои муштарак, таҳқиқот ва муколама байни ҷавонон, коршиносон ва сохторҳои давлатӣ хизмат менамояд.

Ҳамзамон дар доираи конфронс ва пас аз анҷоми он Кумита тасмим гирифтааст, ки як силсила чорабиниҳои муштаракро бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва шарикони байналмилалӣ амалӣ намояд. Ҷалби ҷавонон тавассути иштирок дар экспедитсияҳо, таҳқиқоти саҳроӣ, лоиҳаҳои мактабӣ ва донишҷӯён ба даст оварда мешавад.

Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо муҳтавои махсуси таълимӣ барои ҷавонон пешкаш карда мешавад, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва экосистема нигаронида шудааст.

Барномаи махсуси таълимӣ ҷузъи ҷудонашавандаи форуми ҷавонон мебошад, ки дар доираи конфронс баргузор мешавад.

«Он аз маърузаҳои коршиносон, муаррифиҳои илмӣ-оммавӣ, филмҳои ҳуҷҷатӣ ва намоишгоҳҳо бахшида ба тағйирёбии иқлим иборат буда, ҳамчунин доир намудани викторинаҳои илмӣ, саволу ҷавоб бо олимону экологҳо дар назар аст. Ҷалби ҷавонон тавассути иштирок дар экспедитсияҳо, таҳқиқоти саҳроӣ, лоиҳаҳои мактабӣ ва донишҷӯён ба даст оварда мешавад. Кумита ҳадаф дорад, ки илмро ба насли наврас наздиктар кунад ва нишон диҳад, ки ҳама метавонанд дар ҳифзи пиряхҳо саҳм гузоранд — хоҳ тавассути таҳқиқот, санъат ё технология», — иброз доштанд дар кумита.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 то 31 май мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 26, 2025 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Нью-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалӣ оид ба об баррасӣ гардиданд
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Расонаҳои байналмилалӣ онро ба таври васеъ инъикос менамоянд
Манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон дар «Pakistan TV Digital» намоиш дода мешавад
«САФЕДДАРА» — МАКОНЕ, КИ ҲАР САЙЁҲ ОРЗУИ ДУБОРА ДИДАНИ ОНРО ДОРАД! Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе аз тамошои ин гӯшаи нотакрори Тоҷикистон эҳсоси хушҳолӣ намуданд
Дар мулоқоти вазирони энергетика ва оби Тоҷикистон ва Либия натиҷаҳои Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе баррасӣ шуданд
Намояндаи Қазоқистон Нина Пиманкина: «Дар ташкили конфронсҳои байналмилалӣ мехоҳем аз таҷрибаи Тоҷикистон истифода намоем»
Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе дар Қалъаи Ҳисор бо таърихи халқи тоҷик шинос шуданд
Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ ва минтақавӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пагоҳ иштирокдорони Конфронси оби Душанбе бо иқтидори обӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон шинос мешаванд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сарвазири Тоҷикистон Конфронси чоруми байналмилалиро натиҷагирӣ намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон мавқеи пешсафи худро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тасдиқ намуд
Умут Аҷар: «Дар Тоҷикистон чорабиниҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида мешаванд»